Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

фарди дигаре агар аз ҳазор воҳиди забон ва ё вожагон кор бурдан тавонад пасон маърифату имконоти зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии ӯ дар ҳамин маҳдудият қарор дорад.
Суханварӣ - бо каломи зебо ва лаҳни шево баён кардани мақсад, ҷалб намудани таваҷҷўҳи шунавандагон ва ҳунари сухан гуфтанро меомўзонад. Сухан дар қолаби калима, ибора ва ҷумлаҳои дилнишин бо ёрии фикру андеша ифода меёбад. Ҳадафи асосии суханварӣ фаҳмиш ва баёни мавзўи хосса ба шунаванда аст. Баёни суханвар бояд тавре сурат бигирад, ки тавонад бахше ва ё кулли шунавандагонро тасхир созад ва дар дили онҳо ҳиссиёти мухталиф: чун кин, ғам, шодӣ ва амсоли инро барангезад. Ин амал ба воситаи чашму гўш, шодӣ ва кўмаки лутфу эҳсос ва андешаҳои пуртуғёни инсонӣ падидор мегардад. Мутаассир намудани шунаванда зимни баён ҷавҳари асосии маҳорати суханварист. Нутқ ва каломи зебо дар ҳақиқат қудрате доранд,ки ташнагони суханро сероб гардонад ва дар онон шўру туғёне барангезад. Шайх Аттор фармуда:
То тавонӣ ташнаро сероб кун,
Дар маҷолис хидмати асҳоб кун.
Яке аз шартҳои зарурии фанни суханварӣ ин аст, ки он чи суханвар эрод мекунад, бояд бо мақсаде ва ҳадафи муайяне ҷараён ёбад. Ба қавли Афлотун гуфтор бояд мавҷудияти зиндае бошад. Яъне сари ҳар мавзўе сухан гуфта шавад, қисматҳои зерин вуҷуд дошта бошад: оғоз, миёна (равиш), анҷом. Ин ҳикматҳо ба ҳам дар робитае ва таносуб бошанд.
Чунонки гуфтаанд:
Суханро сар аст, эй хирадманду бун, Маёвар сухан дармиёни «сухун».
Агар суханвар маҳорати хубе дошта бошад, шунавандагонро бо маслиҳату сўҳбатҳои судманди худ аз саҳву хато бозмедорад, аз осебу зиён дур месозад ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Абушакури Балхӣ дар боби қадру қимати сухан чунин оварда:
Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррову теғи куҳан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор