Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

нав шудан аз таъсири мутақобили забонҳо як забон истиқлол пайдо карда, забони дигарро ба таъсири худ мегирад, аммо баъзе хусусиятҳои он забонро нигоҳ медорад. Унсурҳои субстрат аз қонуниятҳои аслии инкишофи дохилии забони мустақил истисност. Аломатҳои онро бо роҳи тадқиқи эътимодноки муқоисавии таърихӣ муайян кардан мумкин аст.
Таъсири субстратро дар фонетика ва лексика мушоҳида кардан мумкин аст.
Сувари забони олам - маҷмӯи тасаввурот дар бораи ҳастӣ, ки дар тӯли таърихи ҷомеаи муайян ташаккул ёфта, ҳамчун воситаи маърифати воқеият истифода мешавад. Сувари забонии олам аз афкори забоншиноси маъруф Вилҳелм фон Ҳумболдт ва пайравони ӯ сарчашма мегирад. Дар давраҳои баъдӣ андешаи В. Фон Ҳумболдт дар назарияи нисбияти забон, ки аз тарафи муҳаққиқон Сепир ва Уорф пешниҳод гардид, густариш ёфт.
Чунин восита ва тарзи маърифат аз як тараф вижагии универсалӣ ва аз тарафи дигар вижагии миллӣ ва ё қавмӣ дорад. Зеро тасаввуроти инсон дар бораи ҳастӣ дар муҳити шуруъ аз хонавода то ба муҳити ҷамоа ва фаротар аз он дар муҳити равобити ҷамоаҳои гуногун ва ниҳоят ҷомеаи ҷаҳон ташаккул меёбад. Мавриди зикр аст, ки ҳар як забони ҷудогона барои ифодаи мафҳуму воқеаҳо, раванду робитаҳо воситаҳои ба худ хос дорад чун низоми овоӣ, вожагон, сохтори ибороту ҷумлаҳо ва ҳатто сохтори матн имконоту восита ва роҳҳои ҷудогона дорад. Дар баробари ин умумияте, ки дар тамоми забонҳои олам мебинем ин аст, ки ҳамоно забони башар воситаи асосии посдорӣ ва интиқоли иттилоот ва фарҳангу маърифат аст ва ҳамакнун дар канори забон дигар воситаи комилтареро барои мухобироти башар наметавон дарёфт. Дар атрофи масъалаи мазкур баҳсу мунозираҳои зиёде то ба имрӯз мавҷуд аст, ва назарҳои гуногун то ҳол ба як андешаи умум нарасидаанд. Ҳатто тавзеҳотеро дар ин росто метавон дарёфт, ки агар инсон ҳар қадар воҳидҳои забонии зиёдеро мусаллат бошад, ҷаҳонбинии ӯ ҳамон қадар густардатар аст ва ин ба мисоли он ки агар як фард даҳ ҳазор вожагонро бидонад пас ӯ ба донистани ҳамин қадар мафҳум ва бештар аз ин равобит қудрат дорад ва

пешина
аз 389
навбатӣ