Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

пурра ба исм нагузашта, ҳамчун исм истифода шавад ҳам, гоҳо ба вазифаи асосии худ меояд (гадо, камбағал, ронанда, намоянда). Баъзе шумораҳои аслӣ, тартибӣ ва касрӣ ба исм мегузаранд: Яке ба ман чойи гарми хуштаъм дароз мекард, дуввум яхоб (Ф.М.). Пас аз бисту чил …масъалаи таракаи мерос ба миён омад (Ҷ.И.). Асоси замони гузаштаи феълҳо бо тағйири ҷои зада ба исм мегузарад: кўфти роҳ, даромади корхона, дўхти либос.
Масдарҳо низ бо ду роҳ бевосита ба исм мегузаранд ё морфемаҳои категорияи морфологии исмро қабул намуда, ба исм мегузаранд:
Ман аз беқадрии хори сари девор донистам, Ки нокас кас намегардад аз ин боло давиданҳо. (Ҳасрат).
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, дар таркиби луғавӣ забон баъзе калимаҳое мавҷуданд, ки дар илми забоншиносӣ дар истифода ба касе нисбат додани онҳо баҳсбарангез аст. Масалан, калимаи ҳидоят. Маънои луғавии калимаи ҳидоят дар фарҳанги забони тоҷикӣ чунин шарҳ дода шудааст. Ҳидоят – роҳнамоӣ, роҳи рост нишон додан, роҳбарӣ.
Истифодабарии ин калима дар байни омма он қадар маъмул нест.
Калимаи ҳидоят дар ВАО-и кишвар яке аз калимаҳои камистеъмолтарин ба ҳисоб меравад, аммо ба ҷойи роҳбарӣ ва роҳнамоӣ истифода бурда мешавад. Дар ВАО-и кишвари мо бахусус дар телевизион ва радио, қабл аз маросимҳои динӣ, аз қабили идҳои Қурбон ва рамазон истилоҳи ҳидоят ба назар мерасад. Ин мафҳуми дўстдоштаи рўҳониён аст. Онҳо бештар ҳидоятро аз ҷониби Худованд медонанд, на аз ҷониби Сардори давлат ва ё ягон нафари саховатманд. Вале дар ВАО гоҳҳо журналистон ибораҳоеро монанди «бо ҳидояту дастгирии Президенти кишвар», «ниёзмандонро ҳидояту дастгирӣ намуданд» кор мефармоянд. Бояд гуфт, ки дар дини ислом ҳидоят ду навъ мешавад: таквинӣ ва иршодӣ.
Субстрат (аз лот. substratum – асос), осори забони аслии мардуми маҳаллист, ки дар забони нави онҳо бо сабабҳои гуногуни таърихӣ роҳ ёфтаанд. Масалан, субстрати келтӣ дар забони франсавӣ, субстрати дакӣ дар забони руминӣ, субстрати эронӣ дар баъзе шеваҳои ўзбекӣ. Субстрат натиҷаи дузабонӣ ва таъсири мутақобили онҳост. Дар натиҷаи кўҳнаву

пешина
аз 389
навбатӣ