Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

феълҳои ёридиҳанда иборат аст. Ҳар як феъли таркибии номӣ як воҳиди луғавӣ, ҳиссаи нутқ ва як аъзои ҷумла мебошад. Байни ҷузъҳои феъли таркибии феълӣ таносуби маъноӣ ва мувофиқати морфологӣ мавҷуд аст.
Аз ин рў, байни тоза чидам ва тоза кардам фарқи куллӣ дида мешавад: дар байни ҷузъҳои таркибии аввал алоқаи синтаксисии ду ҳиссаи нутқ (зарф ва феъл) ё ду аъзои ҷумла (ҳол ва хабар) мавҷуд аст. Дар байни ҷузъҳои таркибии тоза кардам мувофиқати шаклию маъноии ифодакунандаи маънии як воҳиди луғавӣ дида мешавад. Таркиби феълҳои таркибии номӣ аз ду ҷузъ иборат аст: ҷузъи номӣ ва ҷузъи феълӣ. Ҷузъи номӣ ҷузъи асосӣ ва соҳибмаънои феъли таркибии номӣ буда, маънои феълро муқаррар ва муайян мекунад. исм ва сифат ҳиссаи сермаҳсули чунин феълҳои таркибианд: Мо барои бохт, барои саодати худамон ва насли ояндаамон кор мекунем (Ҳ.К.); Ин пешбиниҳои онон рост баромад (Ҳ.К.). Ҷузъи дуюми феълҳои таркибии номӣ аз феъл иборат аст. Ба истиснои феълҳои ёридиҳандаи кардан, шудан, намудан, гардидан, ки маънои луғавиашон аз байн рафтааст, дар феълсозӣ боз як гурўҳ феълҳои содаи аслан мустақил ҳамчун феъли ёридиҳанда меоянд: гирифтан, дидан, доштан, ёфтан, задан, хўрдан, сохтан.
Сполеоним – топонимҳои зеризаминӣ. Номи дилхоҳ, мавзеи табиию ҷуғрофӣ, ки поёнтар аз сатҳи замин ҷойгир шуда, ба сатҳи замин баромадгоҳ дорад, аз ҷумла ғорҳо, дараҳо, ҳавзҳо, дарёҳо ва чашмаҳои зеризаминӣ, чоҳҳо.
Субстантиватсия (аз лот. subtantivum – исм), исмшавии ҳиссаҳои дигари нутқ. Дар забони тоҷикӣ бештар сифат ва сифати феълӣ ба исм гузаштаанд: Бо бадон бад бошу бо некон накў (Саъдӣ). Аз навиштаҳои ў фоидае нест (С.Айнӣ). Дар растаҳо ояндагон ва равандагон ҳам кам буданд (С.Айнӣ). Шумора, феъл ва дигар ҳиссаҳои дигар низ бо роҳи субстантиватсия ба исм мегузаранд: даромади корхона, якеро сад магў, садро яке гўй. Субстантиватсия 3 хел мешавад: ин ё он калима аз ҳиссаҳои дигари нутқ пурра ба исм гузашта, танҳо ҳамчун исм истифода мешавад (беқасаб, шоҳӣ, ришта, парранда), нопурра – калима аз ҳисаи дигари нутқ

пешина
аз 389
навбатӣ