Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Соза - мафҳумҳое, ки мустақиман мушоҳида намешавад, балки бар асоси падидаҳои қобили мушоҳида истинбот мешавад ва метавонад ба таҷзия ва таҳлил ва дарки падидаҳо ва итифоқот кўмак кунад. Намунаи созаҳое,ки дар мутолиа ва баррасии забон ба кор мераванд, ROLE ва STATUS ҳастанд.
Сохт. Занҷирае аз ду ё чанд сурат,ки воҳиди дастуриро дар забон ба вуҷуд меоваранд. Монанди гурўҳ ё ҷумлавора.
Сохти феъл - феъли забони тоҷикӣ маъмулан аз рўи сохт ба се гурўҳи калон ҷудо мешавад: сода, сохта, таркибӣ. Феълҳои сода. Феълҳое, ки аз ҷиҳати сохти морфологӣ ба шакли холис (бе пасванду пешванди калимасоз) воқеъ шудаанд: афтидан, бурдан, гаштан, гуфтан, дидан, дўхтан, зистан, мондан, задан, истодан. Феълҳои сохта. Феълҳое, ки ба воситаи пешванд ва пасвандҳои калимасози феъл сохта шудаанд:
бардоштан, даромадан, бозгаштан, вохўрдан, хонондан. Воситаҳои калимасози феъл инҳоянд: пешвандҳои феълсоз: бар-, дар-, фур-, боз-; пасвандҳои феълсоз: -ид, -он. Феълҳои таркибӣ. Феълҳое, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ ва феълҳои ёридиҳанда таркиб ёфта, ҳамчун воҳиди ҷудогонаи луғати (лексикаи) феълӣ маъниҳои алоҳида ва баъзе тобишҳои грамматикию услубиро ифода мекунанд. Қариб ҳамаи феълҳои таркибӣ, қатъи назар аз таркиби морфологиашон, шакли масдарӣ доранд ва ҳамчун воҳиди луғавӣ воқеъ мешаванд: кор кардан, тайёр шудан, ба эътибор гирифтан, гуфта додан, навишта гирифтан, чашида дидан. Аз ин рў, феълҳои таркибӣ аз шаклҳои таркибии намуд, сиға ва замонҳои феъл фарқ мекунанд. Азбаски шаклҳои таркибии категорияҳои номбурда маънию мафҳумҳои грамматикӣ доранд, масдари онҳо одатан пас аз шакли пурраи таркиби феълӣ, балки аз ҷузъи асосии он ташкил меёбад.
Масалан, масдари феъли хоҳам рафт – рафтан; хонда истодам, хонда истода будам – хондам; гирифта истода бошам – гирифтан. Феълҳои таркибӣ ба эътибори таркиби морфологиашон ба ду гурўҳ: феълҳои таркибии номӣ ва феълҳои таркибии феълӣ ҷудо мешаванд. Феълҳои таркибии номӣ, феълҳое, ки таркибашон аз ҳиссаҳои номии нутқ ва

пешина
аз 389
навбатӣ