Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Дараҷаи қиёсӣ нисбат ба аломати аслӣ ё предмети дигар кам ё зиёд будани аломати ягон предметро мефаҳмонад (хурдтар, ширинтар). Дараҷаи олӣ дараҷаи баланди аломати якпредметро нисбат ба маҷмўи предметҳои якхела нишон медиҳад (беҳтарин, аз ҳама калон). Дар забони тоҷикӣ сифат роҳҳои зерини калимасозӣ дорад: 1) морфологӣ (ба воситаи пешванду пасвандҳо: зани бамаънӣ, умри бардавом, кори илмӣ, устои ҳунарманд; сифатҳои мураккаби пайваст: риши тор-тор, гулҳои рангоранг; мураккаби тобеъ – боғи дилкушо, пири корозмуда; 2) морфологию синтаксисӣ (бавазифаи сифат омадани исм, асоси замони ҳозираи феъл, сифати феълӣ: ҳалқаи тилло, дари кушод; 3) луғавию наҳвӣ:
абрешими ранг ба ранг; 4) луғавию маъноӣ (дар натиҷаи маъно ё тобиши нав гирифтани калимаҳо. Масалан, калимаи савдоӣ чунин тобишҳои маъноӣ дорад: тиҷоратӣ, девонаавзоъ, асабӣ, ошиқ.
Сифатҳои аслӣ - сифатҳои аслӣ хосият ва чигунагии предметро мефаҳмонад. Сифатҳои аслӣ ранг, бўй, маза, хусусият, ҳарорат, устуворӣ ва дигар хусусиятҳои предметҳоро ифода менамоянд: Ман аз ҷой хеста берун баромадам, ҳаво соф ва ором буд, боди сабук мевазид (С.А.).
Сифатҳои нисбӣ. Сифатҳои нисбӣ чигунагӣ ва аломатро аз ҷиҳати нисбат доштани он ба предмету ҳодисаҳо нишон медиҳанд: а) нисбат ба одамон: меҳри падарӣ, забони модарӣ; б) нисбат ба предметҳо: дарвозаи оҳанин, мурғи хонагӣ; в) исбат ба мафҳумҳои абстракт: меҳнати фикрӣ, мақолаи илмӣ; г) нисбат ба макон: тоқии чустӣ, тути балхӣ; д) нисбат ба замон: кишти баҳорӣ, шўъбаи шабона; ) нисбат ба амал: узви шунавоӣ, бози шикорӣ. Аз ҷиҳати сохти морфологӣ ва қолаби калимасозиашон сифатҳоро ба гурўҳҳои зерин ҷудо мекунанд: 1. Сифатҳои сода (решагӣ):
одами шўх, қомати баланд. 2. Сифатҳои сохта, ки бо пешванду пасвандҳои сифатсоз сохта мешаванд: духтари ноком, олими баркамол. 3. Сифатҳои мураккаб: а) мураккаби пайваст: гулҳои рангоранг, роҳҳои пурпечутоб; б) мураккаби тобеъ: аспи бодпо, шоири оташзабон. 4. Сифатҳои таркибӣ:
комёбиҳои нав ба нав, роҳҳои печ дар печ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор