Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

воҳидҳои забон, муносибатҳои парадигматию синтагматикӣ, аломатнокии забон, шакл ва функсия, сохтор ва субстансия, робитаҳои беруна ва дохилӣ дар забон, ҳамзамонию дарзамонӣ, мунтазамию номунтазамӣ. Забоншиносон дер боз системаи овозҳо, таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии забонро фарқ мекунанд. Ҳар яке аз қабатҳои забон воҳидҳои худ, категорияҳо ва сохтори дохилии худро доранд, ки бо ҳам алоқаи зич доранд. Бешак системаи фонологии забон аз лексика ва лексика аз грамматика ба куллӣ фарқ мекунад, вале ҳам аз ҷиҳати сохтори забон ва ҳам аз ҷиҳати функсияи худ онҳо бо ҳам сахт алоқаманданд.
Сифат, ҳиссаи мустақилмаъно ва номии нутқ буда, аломат, хусусият ва хосияти шахсу предметро бевосита ва ё аз рўи муносибати ба предметҳои дигар доштааш мефаҳмонад. Хусусиятҳои зерин хоси сифат аст: 1. Семантикаи махсус дорад ва ба исм робитаю алоқаи зич дорад, зеро исм номи предметро ифода кунад, сифат аломат, хосияти шахсу предметро мефаҳмонад: деҳаи обод, сарзамини ҳамешабаҳор, гиёҳҳои шифобахш, ҷавони хушбахт. 2. Сифат дорои дараҷаи қиёсӣ (муқоисавию олӣ) ва ғайриқиёсӣ (камию зиёдии аломат) мебошад: кўчаи калонтар, хиёбони калонтарин, чашмони кабудча, мўйҳои сип-сиёҳ. 3. Сифат воситаҳои гуногуни калимасозию шаклсозӣ дорад,ки тавассути онҳо калимаҳои нав ва шаклҳои гуногун сохта мешаванд: деҳқони давлатманд, шамъдони нуқрагин, қомати базеб, ҷавони лоғаракак. 4. Сифат дар ҷумла ба вазифаҳои муайянкунанда, хабари номӣ ва ҳоли тарзиамал меояд.
Сифат аз ҷиҳати маъно ва вазифаи дастуриаш аслию нисбӣ мешавад.
Сифати аслӣ аломати предметро бевосита ифода менамояд: ҳавои гарм, ҷавони зебо. Сифати нисбӣ аломати предметро ба воситаи муносибати ба предмети дигар доштааш нишон медиҳад: забони модарӣ, дарвозаи оҳанин, шўъбаи ғоибона, гандуми тирамоҳӣ. Сифатҳои аслӣ дараҷа, шакли сода, ҷуфтҳои антонимӣ (нек-бад, гарм-хунук) ва синонимӣ (хуб, нағз, хуш, авло) дошта, ба воситаи пасванди -ӣ исми маънӣ месозанд:
ором-оромӣ, хушбахт-хушбахтӣ. Сифатҳои аслӣ дорои категорияи дараҷа мебошанд. Сифат ба ҷуз дараҷаи оддӣ дараҷаи қиёсӣ ва олӣ дорад.

пешина
аз 389
навбатӣ