Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҷузъҳои онҳо, воситаҳои грамматикии муносибати байни ҷузъҳо ва анвои ибораву ҷумлаҳоро меомўзад. Аксари забоншиносон (Виноградов В.В., Шведова Н.Ю., Белошапкова В.А.) ва ҳамаи забоншиносони тоҷик ба предмети асосии синтаксис ҳам ҷумла ва ҳам ибораро дохил мекунанд.
Синтез (юн. synthez – ҳамроҳшавӣ, ташкилёбӣ. Амалиёте, ки хилофи анализ (таҳлил) аст. Дар заминаи синтез (таркиб) якшавии унсурҳои ин ё он падидаи забонӣ дар назар дошта мешавад.
Синфи грамматикӣ. Категорияҳои грамматикӣ дар морфологияи баъзе забонҳои Кафказ ва забонҳои дигар, ки мутобиқи онҳо ҳиссаҳои номии нутқ (исм, сифат, шумора, ҷонишин),махсусан исмҳо бо аломатҳои хосашон гурўҳбандӣ мешаванд: гурўҳи исмҳое, ки мардонро ифода мекунанд; гурўҳи исмҳое, ки занонро ифода мекунанд; гурўҳи исмҳое, ки ҳайвонотро ифода мекунанд, гурўҳи исмҳои мансуби олами растаниҳоанд.
Синхрония (ҳамзамонӣ) – 1) вазъу ҳолати забон дар замони муайяни инкишофи он ҳамчун системаи ҳамзамон вуҷуддоштаи унсурҳои ба ҳам алоқаманд ва бо ҳам робита дошта; маҷмўи ҳақиқати забонӣ ҳамчун воқеияти ягона ва аслию воқеӣ (ниг.: системаи забонӣ); маҷмўи фактҳои забонӣ ҳамчун воқеияти ягона ва аслӣ, ки ба гўянда дода шудааст (Ф. де.
Соссюр); 2) омўзиши забон дар ҳолати муайян, яъне ҳамчун системаи муносибатҳои муайян, ки берун аз вақту замон ва тағйиротҳои забонӣ қарор дорад.
Системаи забонӣ (аз юн. systēma – пурра, яклухт, иборат аз қисмҳо; пайвастшавӣ) – маҷмўи унсурҳои забонии ҳама гуна забони табиӣ,ки дар муносибат ва робитаю алоқа қарор доранд, ки ягонагии муайян ва яклухтро ба вуҷуд меорад. Ҳар як унсури системаи забон ба таври ҷудогона вуҷуд надорад, балки дар муқобилгузории дигар унсурҳои система вуҷуд дорад. Масалан, дар забони русӣ, ки ҷинсияти дугона надорад, арзиши дигар дорад. Дар қиёси шумораи ҷамъи забони словен,ки шумораи дугонаро дорост. Мафҳуми системаи забонии муосир якчанд мафҳумҳои ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад – сатҳҳои забон,

пешина
аз 389
навбатӣ