Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мешаванд, лекин муносибатҳои парадигматикӣ дар майнаи соҳибони забон ба шакли парадигма маҳфузанд. Синтагматика як шўъбаи синтаксис низ дониста мешавад, ки вазифаи он омўзиши ибораҳо (синтагмаҳо) мебошад. Синтагматика, яке аз ду ҷиҳати омўзиши забон (баробари парадигматика), ки маҷмўи қоида ва қонунҳои истеъмоли пайдарҳами хаттии воҳидҳои забонро дар ҷараёни нутқи хаттӣ ё шифоҳӣ меомўзад. Фарқи ду ҷиҳати омўзиши забон ба ду тарзи муносибати воҳидҳои забон – муносибатҳои парадигматикӣ (мавҷудияти воҳидҳои забон ҳамчун воҳиди луғавӣ) ва муносибатҳои синтагматикӣ (қонуну қоидаҳои истеъмоли воҳидҳои забон дар нутқ) вобаста аст. Масалан, дар ҷумлаи «Ман омадам» байни калимаҳои ман, омад ва морфемаи -ам муносибати синтагматикӣ мавҷуд аст.
Синтаксис (юн. syntaxis – сохт, тартиб), наҳв, як боби грамматикаро гўянд, ки таркиби ҷумла ва хусусияту аломатҳои умумии онро меомўзад.
Дар синтакис системава тарзҳои гуногуни ифодаи фикр омўхта мешавад.
Навъу хелҳои асосии ҷумла ва ибора аз рўи сохт системаи синтаксисии забонанд. Тартиби калимаҳо дар ибора ва ҷумла, инчунин маъно, вазифа ва муносибати онҳо тарзҳои ифодаи фикрианд. Ибора ва ҷумла воҳидҳои нисбатан мустақили синтаксисанд. Онҳо маъно ва сохтори махсус доранд.
Ибора монанди калима хусусияти номинатвӣ дорад ва мафҳуми томро ифода мекунад, аммо ҷиҳати маъноии ҷумла дар муносибати сараъзоҳои он зоҳир мегардад. Ҷумла бо муносибати предикативӣ ва вазифаи мухобиротии худ аз ибора фарқ мекунад. Синтаксис, пеш аз ҳама, нутқи алоқамандро меомўзад. Ҷумла воҳиди асосии он аст. Дар синтаксис байни калима ва ҷумлаҳо ду навъ алоқаи грамматикӣ дида мешавад: алоқаи пайваст ва алоқаи тобеъ. Таълимот дар бораи аъзоҳои ҷумла ва хелҳои ҷумлаҳои мураккаб низ ба синтаксис дохил мешавад. Синтаксис се масъалаи асосӣ: чӣ сохтан, аз чӣ сохтан ва чӣ тариқа сохтанро меомўзад.
Синтаксис қисмати муҳимми забон буда, ҳама гуна фикр бо ёрии воҳидҳои он: ибора, ҷумлаҳои сода, ҷумлаҳои мураккаб ифода мегардад.
Синтаксис сохту таркиби ин воҳидҳо, алоқаи маъноӣ ва грамматикии

пешина
аз 389
навбатӣ