Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дар забон ба шакли тайёр мавҷуданд, синтагма мисли ибораҳои озод вобаста ба ҷараёни нутқ ҳар лаҳза аз нав сохта мешавад. Яклухтии синтагма дар он ифода меёбад, ки дар матн якмаънои пурра, як мафҳуми мураккабро ифода карда бошад: Фардо // коргарони корхонаи мо // таътил доранд. Яке аз аломатҳои асосии синтагма яклухтии маъност. Дар синтаксис синтагма ҳамеша пораҳои дуруст тақтеъшудаи синтаксисист.
Дар фонетика синтагма пораи нутқи овозиест, ки тартиби фонетикӣ, зада, мавзуният ва оҳанги хос дорад. Ҳар синтагма дорои задаи хосест, ки задаҳои заиф ва ҳиҷоҳои безадаро ба тартиб андохта, ба дигар аъзоҳои синтагма яклухтӣ мебахшад.
Синтагматика (ҳамнишинӣ), яке аз ҷиҳати омўзиши забон (баробари парадигматика), ки маҷмўи қоида ва қонунҳои истеъмоли пайдарҳами хаттии воҳидҳои забонро дар ҷараёни нутқи хаттӣ ё шифоҳӣ меомўзад.
Тафовути ду ҷиҳати омўзиши забон ба ду тарзи муносибати воҳидҳои забон – муносибатҳои парадигматикӣ (мавҷудияти воҳидҳои забон ҳамчун воҳиди луғавӣ) ва муносибатҳои синтагматикӣ (қонуну қоидаҳои истеъмоли воҳидҳои забон дар нутқ) вобаста аст. Масалан, дар ҷумлаи «Ман омадам» байни калимаҳои ман, омад ва морфемаи (бандаки феълии)
-ам муносибати синтагматикӣ мавҷуд аст; калимаи аввал мубтадо, калимаи дуюм хабар аст. Дар байни калимаи ман ва морфемаи -ам низ чунин муносибат мавҷуд аст. Ҳамзамон ин се унсур бо калима ва морфемаҳои дигар муносибати парадигматикӣ доранд: ба ҷои калимаи ман калимаҳои ту, вай, касе, шахсе, ба ҷои омад ой ё о, ба ҷои -ам бандакҳои -ӣ, -ем, -ед, -анд истифода шуда метавонанд. Муносибатҳои синтагматикӣ ва парадигматикӣ аз чанд ҷиҳат фарқ мекунанд: а) дар синтагматика воҳидҳои забон тобеи принсипи «пеш ё қафо», «якум ё дуюм», «аввал ё охир» мебошанд, аммо дар парадигматика қоидаи ё ин – ё он ҷорист; б) барои зоҳир шудани муносибатҳои синтагматикӣ замон ва макон (дар хат) лозим аст. Дар парадигматика ду порчаи нутқ (масалан, овозҳои б ва п)-ро дар як лаҳза муқоиса карда метавонем; в) муносибатҳои синтагматикӣ дар ҳиҷо, морфема, калима, ҷумла, банд,матн ҳамеша зоҳир

пешина
аз 389
навбатӣ