Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

худ бо ҳам алоқаманд шуда, бо арзишҳои хоссаи худ аз ҳам тафовут доранд. Аз ин рў, дар ин ё он силсилаи синонимӣ калимаҳои зиёди бо доираи истеъмолу рангубор фарқкунанда гирд омадаанд: рўшноӣ – нур, партав, шўъла, зиё; оҳанг – мақом, савт, намо, нағма, ҳаво.
Синонимҳои мафҳумӣ (идеографӣ). Синонимҳое, ки маъноҳои якхела ва ё ба ҳам наздикро ифода карда, ба як мафҳуми умумӣ далолат мекунанд. Масалан, калимаҳои ҳаммаънои моҳона –музд, ҳақ, подош; касалхона – беморхона, шифохона; бахт – саодат, иқбол; ҳилла – макр, найранг; ризқ – рўзӣ, насиба аз ҳамин қабиланд Синонимҳои услубӣ. Синонимҳое, ки аз рўйи нишонаҳои ба услубҳои гуногуни истеъмолии забон хос буданашон фарқ мекунанд.
Чунончи, ин тафовут, яъне мансуби услуби умумии муошират, китобӣ, гуфтугўӣ будан дар сегонаҳои посбон – муҳофиз, қаровул; касал – ранҷур, бетоб; пешона – ҷабин, пича; майда – кўчак, хурд ифода ёфтаанд.
Синонимҳои услубӣ аз рўи дараҷаю андозаи истеъмол ва обуранги гуногунашон низ аз ҳам фарқ мекунанд. Дар бештарини мавридҳо яке аз калимаҳои синонимӣ серистеъмол бошад, синонимҳои дигарашон аз истеъмол баромадаанд: ситора – кавкаб, наҷм, ахтар; сарвазир – қушбегӣ, садриаъзам; қаср – кўшк.
Синтагма (юн. sýntagma – ба ҳам васлшуда, бо ҳам омада), ба маънои васеаш – пайдарпаии воҳидҳои забонист, ки дар ҷараёни нутқ сурат гирифтаанд. Синтагма аз ду ё зиёда морфема, калима, ибора ва ҷумла ба вуҷуд меояд, ки паи ҳам омада, воҳиди яклухтеро ташкил медиҳад.
Масалан, калимаҳои даста, панҷа, даҳа, димоға аз ду морфема – даст-а, панҷ-а, даҳ-а, димоғ-а, калимаи мардикор аз ду калима, ки байни худ робитаи атрибутивӣ доранд,сохта шудаанд. Ҷумла силсилаи синтагмаҳост. Синтагма дар ҷараёни нутқ ба вуҷуд ояд ҳам, падидаи забонист, зеро унсурҳои таркиби он мувофиқи қоидаҳои забон бо ҳам пайванд мешаванд. Ба маънои тангаш синтагма пораи яклухти овозию маъноист дар ҷараёни нутқ. Синтагма метавонад аз як ё якчанд калимаи алоқаи маъноидошта, ё ҷумла иборат шавад. Баръакси ибораҳои рехта, ки

пешина
аз 389
навбатӣ