Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

маҷозӣ омада метавонад. Калимаи дида чун чашм аз ҷиҳати маъно бою сермаҳсул нест ва бештар дар забони адабӣ истеъмол мешавад. Дар забон бисёр будани калимаҳои синонимӣ яке аз нишонаҳои бой ва мукаммал будани таркиби луғавии он аст. Синонимҳо барои равшан ва фасеҳ баён намудани фикр заруранд. Истеъмоли онҳо дар забон танҳо барои иваз намудани калима набуда, балки барои муайян кардани муносибати гўянда нисбат ба фикри гуфташуда мебошад. Синонимҳо ба шакли ҷуфт низ истеъмол мешаванд: орзую ҳавас, зебу зинат, тунду тез, ақлу хирад, раҳму шавқат, фикру андеша.
Синонимҳои луғавӣ (юн. synōnymia – ҳамномӣ). Ду ва зиёда калимаҳои бо яке аз маъноҳои луғавии худ ба ҳам наздик ва баъзан баробар, ки мансуби як гурўҳи луғавию дастурӣ буда, аз ҳам бо тобишҳои дигари маъноӣ, мавридҳои истеъмол ва рангубори гуногуни эҳсосотии худ фарқ мекунанд. Калимаҳо бо маънои асосии луғавии худ бо ҳам синоним мешаванд. Дар ин маврид маъноҳои иловагии онҳо, тобишҳои гуногуни истеъмолию эҳсосотиашон, ки дар ҳар як калимаи занҷири синонимӣ ба ҳар ранг буда метавонанд, аз эътибор соқит мемонанд.
Масалан, дар калимаҳои ҳаммаънои ресмон – банд, расан, таноб; тан – бадан, пайкар, ҷисм, ҷасад; инқилоб – исён, ошўб, балво маъноҳои асосии онҳо ба ҳам наздиканд, бо вуҷуди он ки ҳар яке аз онҳо бо тобишҳои иловагии маъноӣ, доираи истеъмол ва ифодаи рангубори гуногун аз ҳам фарқ мекунанд. Дар байни калимаҳои бо ҳам синоним тафовутҳои муайян низ мушоҳида мешаванд. Пеш аз ҳама, онҳо аз ҳамдигар бо мавқеъҳои истеъмолии худ фарқ мекунанд. Калимаи калон, ки бо вожаҳои бузург, азим, барзангӣ, лумб муносибати синонимӣ дорад, калимаи умумиистеъмолист. Аз ин ҷиҳат онро дар ҳамаи мавридҳо ба кор бурдан мумкин аст. Баръакси он калимаҳои кабир, азим, муаззам ба услуби китобӣ мансубанд. Калимаҳои барзангӣ, лумб, ноҳинҷор, бесулуқай, даванг бо ҳамон маънои умумии «калон» дар гуфтугў мустаъмаланд.
Маҷмўи калимаҳои бо ҳам ҳамаъноро силсилаи синонимӣ меноманд. Дар чунин силсилаи синонимҳо, одатан, калимаҳо бо яке аз маъноҳои луғавии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор