Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

синтаксисӣ ва воҳидҳои фразеологӣ. 1. Синонимияи пешвандҳо мавҷуд будани умумияти маъноӣ ё грамматикӣ: боақл-баақл, бафаҳм-бофаҳм, беист-ноист; мекўш-бикўш, фуромад-фаромад. 2. Синонимияи пасвандҳо:
талабагон-талабаҳо; кўҳсор-кўҳистон, хонача-хонаяк, ғамнок-ғамгин; барқсон-барқвор. 3. Синонимияи грамматикӣ (синонимияи категорияҳои ҳиссаҳои нутқ). Шумораи ҷамъ ва танҳо дар исмҳои ҷамъ (одамон – мардум ҷамъ шуданд), дараҷаи олии сифат (бузургтарин – ниҳоят бузург), ҷонишинҳои шахсӣ ва бандакҷонишинҳо (китоби ман – китобам – китоби худам), замони гузаштаи ҳикоягии сиғаи хабарӣ ва аорист (агар равад, медид – агар мерафт, медид). Синонимияи луғавӣ Ниг.: Синоним. 5.
Синонимияи пешояндҳо а) оид ба муносибати хабарӣ, баёнот: сўҳбат дар бораи саёҳат – сўҳбат дар хусуси саёҳат – сўҳбат оид ба саёҳат, дар хусуси саёҳат. 6. Синонимияи пайвандакҳо: а) пайвандакҳои паиҳам: ман ва ту – ман ҳам ту – ману ту; пайвандакҳои хилофӣ: мехост, аммо шарм дошт – мехост, вале (лекин) шарм дошт; в) пайвандакҳои тобеъкунанда: вақте ки омад… - баъд аз он ки омад… пас аз он ки омад… – ҳангоме ки омад. 7.
Синонимияи фразеологӣ. Мавҷуд будани ифодаи умумӣ дар фразеологизмҳо: як ба як – чашм ба чашм, танҳо ба танҳо – рў ба рў (дучор омадан); аз асп фуромада аз узангу нафуромадан, аз барф манораву аз лой ҳалво сохтан.
Синонимҳо (аз юн. synӯnymos – ҳамном), муродифҳо – калимаҳоеанд, ки ба як ҳиссаи нутқ тааллуқ дошта, аз ҷиҳати маъно ба ҳам наздиканд. Синонимҳо бо тобишҳои маъноӣ, бо мавқеъ ва дараҷаи истеъмолашон фарқ мекунанд. Синонимҳое, ки аз ҷиҳати маъно ба ҳам хеле наздиканд, синонимҳои комил ва синонимҳое, ки бо тобишҳои иловагии маъноӣ ва мавқеи истеъмолашон аз ҳам фарқ мекунанд, синонимҳои услубӣ ном доранд. Гурўҳи калимаҳои синонимиро силсилаи синонимҳо меноманд ва калимаеро, ки маънои умумикунанда дорад, сарсилсила мегўянд. Умумияти маъноӣ ва фарқи силсилаи синонимҳо дар муқоисаи байни онҳо муайян мешавад. Масалан, калимаҳои чашм ва дида синониманд. Чашм хусусияти умумиистеъмолӣ дошта, ба маъноҳои зиёди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор