Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

он калима омада низ ҳамон хел (навъ) садонок меояд: оталар (падарон), оналар (модарон), болалар (бачагон).
Сингулятив (лот. singularia tántum – шумораи танҳо). Гурўҳи исмҳое, ки маъмулан танҳо дар шумораи танҳо кор фармуда мешаванд. Масалан, дар забони русӣ: штанина < штаны.
Синекдоха. Синекдоха ё маҷози мурсал ба истиораи луғавӣ шабоҳат дорад. Маъное, ки бо ин усул ба вуҷуд омадааст, ба ҷойи мафҳуми ҷузъ кулл ва ё баръакс ба ҷойи мафҳуми кулл ҷузъро ифода мекунад. Масалан, калимаи ош ба маънои «палов» синекдоха аст ва дар он ба ҷойи мафҳуми кулл мафҳуми ҷузъ ифода шудааст. Синекдохаи луғавиро ба ду навъ ҷудо мекунанд: Синекдоха аз рўйи ифодаи мафҳуми кулл. Масалан, калимаи хат ба маънои «савод»; хатусавод; дил ба маънои «муҳаббат», ношикаста ба маънои «шахси оҷиз, зан», оҳанпора дар ифодаи «пораи ҳама гуна филизот», нон киноя аз «ризқу рўзӣ».
Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон, Гар ҷон биравад, аз ў намебояд хўрд (А.Л.) Синекдоха аз рўйи ифодаи мафҳуми кулл ба ҷойи мафҳуми ҷузъ.
Калимаи мол ба маънои «чорвои хонагӣ», хат ба маънои «мактуб, нома», мурғ дар ифодаи «як навъ паррандаи хонагӣ», хонадор шудан бо мафҳуми «зан гирифтан» аз ҷумлаи ҳамин навъи синекдохаанд.
Синкопа (лот. sinkopa – афтидан). Моҳиятан ин падида шабеҳи падидаи фонетикии коҳиш аст, ки бештар дар гурўҳи ҳамсадоҳо – овозҳои махраҷдор дучор мегардад, ки хоси ҳамнишиниҳои мобайнист: хиш(т)гар, кор(д)ча. Дар интиҳои калима низ фурўгузар афзудани овоз, бештар дар услуби гуфтугўӣ мушоҳида мешавад: хез [хе], деҳ [те], карданд [кардан].
Синология (лот. sina – Хитой (Чин) + logos – илм, мафҳум).Маҷмўи илмҳое,ки таърих иқтисодиёт, сиёсат, фалсафа, адабиёт ва фарҳангу тамаддуни Хитойро меомўзад; ба маънои маҳдудаш – як фасли забоншиносӣ, ки забон ва хати хитоиро меомўзад.
Синонимия (юн. sinonimos – ҳамном, якмаъно) - дар ифодаи маънои асосӣ ба ҳамдигар мувофиқ омадани морфема, калима, қолабҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор