Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муштипар ва барҷомонда будагист (Ҳ.К.). Шаклҳои аористи феъл,аз ҷумла шаклҳое, ки бо аористи будан таркиб меёбанд, бо калимаи мумкин ва таркиби мумкин аст маънии сиғаи эҳтимолиро мефаҳмонанд ва муродифи шаклҳои эҳтимолии феъланд: эҳтимол биёяд//меомадагист; бояд омада бошад//омадагист; шояд омада монад: Саид Амон нақлҳои одамонро ба ёд оварда, аз дил гузаронид,ки як қисми дарахтони Мунавваршоҳ шинонида эҳтимол ҳаминҳо бошанд (Ф.М.).
Силлабема (аз юн. syllable – ҳиҷо). Як навъи хат, ки аломатҳои он овозҳои паиҳамомадаи забон, бештар ҳиҷоҳоро ифода мекунанд.
Қадимтарин аломатҳои ҳиҷоӣ дар хати шумерӣ ба вуҷуд омадаанд (ибтидои ҳазорсолаи III ва нимаи ҳазорсолаи II пеш аз милод). Хати ҳиҷоии кротӣ низ бо роҳи ба аломатҳои ҳиҷоӣ бадалшавии логограмаҳо инкишоф ёфт (ҳазорсолаи III пеш аз милод). Хати мехии форсии бостон низ ҳиҷоист, яъне як аломат ба як ҳамсадо ва як садонок (мисли б+а, д+а, ф+а) баробар аст.
Силлабография (хати ҳиҷоӣ), ки аломати он баробари ҳиҷост, дар ҳазораи 2-1 то милод ба вуҷуд омадааст. Ин хат се навъ дорад. Ба навъи аввал хати мехӣ, хати майя, хати кореягӣ дохил мешаванд, ки дар онҳо аломатҳои ҳиҷоҳои гуногун – садоноки ҷудогона, ҳамсадою садонокро ифода мекунанд. Ба навъи дуюм халқҳои критӣ, ҳипрӣ, ҳабашӣ, японӣ шомиланд, ки як аломати онҳо садоноки ҷудогона, ҳамсадою садонокро ифода мекард. Хати форсии қадим, ки аломатҳои он ҳиҷои иборат аз ҳамсадою садонокро ифода мекард, ба навъи дуюм мансуб аст. Навъи сеюм системаҳои хатҳои ҳиндиро дар бар мегирад.
Сингармонизм (аз юн. syn – ҳамроҳ ва harmonia – мавзунӣ, ҳамоҳанг)
– падидаи морфологие, ки як навъи махсуси овозҳои садонокҳост. Дар забонҳои туркӣ агар дар решаи калима садоноки қатори пеш мавҷуд бошад, пасванду пешвандҳои ба он реша ҳамроҳшуда низ бо садоноки қатори пеш (и, э) омада, ҳамоҳангӣ пайдо мекунанд: бизники (аз они мо), сизники (аз они шумо), билимли (донишманд). Агар дар решаи калима садонокҳои қатори мобайн (ў, а) ё қатори қафо (у, о), дар вандҳои пас аз

пешина
аз 389
навбатӣ