Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

таркибҳои дигари феълӣ ифода мешавад. Калимаҳои модалӣ ва ҳиссачаҳои мон//монед, биё//биёед, бигзор//бигузор, бояд,мебоист, ақаллан, кош//кошки, наход ки, канӣ барои ифодаи ҷилоҳои маъноии хоҳишу орзу, таъкиду супориш, қатъият ва розигӣ хизмат мекунанд: Мон, ки бидонанд: аспбози асил як пояш ба лаби гўр расад ҳам, аз қатор намебарояд (Ф.М.); Кошки кудурат аз миён бардошта мешуд (Ҷ.И.).
Сиғаи эҳтимолӣ. Сиғаи эҳтимолии феъл дар бораи воқеъ шудан ё нашудани амалу ҳолат аз рўи тахмин, эҳтимол, гумон ва шубҳа сухан кардани гўяндаро мефаҳмонад. Маънои замонии ин гуна шаклҳои феълӣ ҳам вобаста ба сохту таркиби онҳо, сохти ҷумла ва оҳанги сухан ифода меёбад. Шакли маъмулу серистеъмоли сиғаи эҳтимолӣ аз сифати феълӣ сохта мешавад, ки он ду тарзи ифода дорад: шакли пурра ва шакли мухтасар. Таркиби шакли пурраи сиғаи эҳтимолӣ аз сифати феълии замони гузашта бо пасванди -гӣ, ба шакли ихтисори ст ба он васл ёфтани ҳаст ва иловаи бандакҳои хабарӣ сохта мешавад. Шахси сеюми танҳо ҳамчун асос бе бандак меояд. Тасрифи феъли хондан ба тарзи пурраи сиғаи эҳтимолӣ чунин аст:
Танҳо Ҷамъ 1. хондагистам хондагистем 2. хондагистӣ хондагистед 3. хондагист хондагистанд
Шакли мухтасари чунин феълҳои эҳтимолӣ аз шакли пуррааш як андоза тафовут дорад: шакли ихтисори калимаи ҳаст (ст) танҳо дар шахси сеюми танҳост:
Танҳо Ҷамъ 1. Хондагиям Хондагием 2. Хондагиӣ Хондагиед 3. хондагист хондагиянд Дар забони гуфтугўӣ ва лаҳҷаҳо шаклҳои дигари ин сиға низ дида мешавад: Бечора, балки ин мазор доштагист, ки вай ҳам ман барин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор