Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Сиғаҳо бо шаклу таркибҳои тасрифии замонҳои феъл ва баъзан бо ёрии воситаҳои синтаксисӣ ифода меёбанд. Масдар сиға надорад. Агар вай дар таркиби феълҳо ҳамчун ҷузъи асосӣ омада бошад, он таркибҳо ба туфайли шаклҳои тасрифии феълҳои ёридиҳанда майлу тобиши сиғавӣ пайдо мекунанд: хоҳам рафт, омадан гирифт, рафтан гир. Феъли забони тоҷикӣ дорои чор сиғаанд ва ҳамаи шаклҳои замонии феълҳо аз рўи маънӣ ва хусусиятҳои ҷудогонаашон ба ин сиғаҳо мансубанд: сиғаи хабарӣ, сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ, сиғаи амр, сиғаи эҳтимолӣ.
Сиғаи хабарӣ. Сиғаи хабарӣ воқеъ шудан ё нашудан,тасдиқ ё инкор ва ё қайд карда шудани факти амалро мефаҳмонад. Ба ин сиға чунин шаклҳои шуҳудӣ ва нақлии феълҳои замони гузашта, инчунин баъзе шаклҳои замони ҳозира ва ояндаи феълҳо мансубанд: Замони гузаштаи наздик (гуфтам, хондам, сўҳбат кардам, хондан гирифтам); гузаштаи дур (омада будам, қироат карда будам); гузаштаи давомдор (хонда истодам, гуфта истод); гузаштаи дури давомдор (омада истода будам, хонда истода буд); гузаштаи ҳикоягӣ (мехондам, гўш менадохтам); гузаштаи давомдори ҳикоягӣ (рафта меистодам); гузаштаи нақлӣ (хондам, хондаӣ, хондааст); гузаштаи нақлии ҳикоягӣ (мехондааст, меовардааст). Замони ҳозираи давомдор (рафта истодам, хонда истодаам); ҳозира-оянда (мехонам, пешвоз мегирам); ояндаи дур (хоҳам хонд, хоҳам рафт).
Сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ. Феълҳои сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ амалеро ифода мекунанд,ки гўянда воқеъ гардидани онро раво, имконпазир ва ё вобаста ба шарте медонад. Яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартӣ-хоҳишмандӣ аорист буда, вобаста ба он ва сохти ҷузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд. Дар феълҳои таркибии сиғаи шартӣ-хоҳишмандӣ феъли ёридиҳандаи будан ҳамеша ба шакли аорист меояд. Сиғаи шартӣхоҳишмандӣ бо шакли аористи феъл (равам, кор кунам), шакли замони гузашта бо аористи будан (хонда бошам, маслиҳат карда бошам), шакли гузаштаи ҳикоягӣ (мехондам ва бо аористи будан – мехонда бошам), шакли замони ҳозираи давомдор (хонда истода бошам) ва шаклу

пешина
аз 389
навбатӣ