Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

калима бо калимаи ҷудогона не, балки бо қонуниятҳои умумии ашёву ҳодисаҳо алоқаманд аст. Семасиология бо семантика, дигар илмҳо (таърих, мантиқ, психология, фалсафа) ва бахшу қисмҳои дигари забоншиносӣ (савтиёт, грамматика) робитаи қавӣ дорад.
Семиотика (юн. semeion – аломат, нишона) илмест, ки маҷмўи хосиятҳои аломатҳо ва системаи онҳо (асосан забонҳои маснўъ ватабиро меомўзад. Семиотика таърихи тўлонӣ дошта, вобаста ба масъалаҳои мантиқ ташаккул ёфтааст. Баъзе унсурҳои семиотика дар системаи мантиқии Арасту, Абўалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Дунс Скотт, Гоббс, Лейбнис, Ҷон Милл вуҷуд доштанд. Аммо ҳамчун соҳаи мустақили дониши илмӣ дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 пайдо шудааст.
Семиотикаро ба прагматика, синтактика ва семантика гурўҳбандӣ намудаанд. Соҳаи семиотика, ки муносибати аломатҳо ва ифодаи забониро меомўзад, прагматика ном дорад.
Сиғаи амр. Сиғаи амр изҳори хоҳишу супориш, фармону таъкид ва водор кардан ба амалеро,ки нисбат ба шахси дуюм гуфта шудааст, мефаҳмонад. Дар забони тоҷикӣ шакли асосии сиғаи амр феъли фармоиш мебошад. Феъли фармоиш фақат як шахс – шахси дуюми танҳо ва ҷамъ дорад. Шахси дуюми танҳои он бо асоси феълии замони ҳозира баробар аст: рав, биёр, хон, омода соз, дам гир. Шахси дуюми ҷамъ бо роҳи ба асос ҳамроҳ кардани бандаки феълии -ед ифода меёбад: равед, оед, гиред: Ту худдорӣ карда аз роҳҳои пинҳонӣ поёнтар фуро, агар дидӣ,ки ясавул духтаратро дастгир карда бурданӣ аст, бо ғелонидани санге ба мо хабар деҳ (С.А.). Шакли сиғаи амр ҳам монанди аорист пешванди би-(бу-) қабул мекунад: Ҳамшираи меҳрубон, биё, одамон, биёед, дар паҳлуи ў бишинед, вай нақл кунад, шумо бишнавед! (Ҳ.К.). Сиғаи амр шакли бавосита ҳам дорад, ки он тавассути фоили дигар шудан ё нашудани амалро мефаҳмонад: хон-хонон, хонед-хононед.
Сиғаи феъл. Сиға яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи феъл аст. Гўянда вуқўъ ва анҷоми амалро баён карда, муносибати ба воқеият доштаи онро муайян менамояд. Муносибати амал ба воқеият сиға номида мешавад.

пешина
аз 389
навбатӣ