Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

маънои воҳидҳои забон, 4) як қисми илми забоншиносӣ,ки маънои воҳидҳои забон, пеш аз ҳама, калимаро меомўзад. Калимаҳо дар забон ба гурўҳҳои сермаъно (полисемантикӣ) ва якмаъно (моносемантикӣ) ҷудо мешаванд. Ба гурўҳи калимаҳои якмаъно истилоҳоти исмҳои гуногун (масалан, забоншиносӣ – фонетика, морфология, грамматика, исм, сифат…) шомиланд. Омонимия, синонимия ва ба маънои маҷозӣ омадани калимаҳо асоси системаи семантика мебошанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ калимаи гул аз ҷиҳати семантика хусусиятҳои гуногун дорад: гул
– ғунчаи вошуда, гул – бенуқсон, гул – як навъи гиёҳ, гул – холи сафед (гули чашм), гул – номи касалӣ, гул – фатилаи шамъ, гул – рўй, рухсор.
Яке аз қонуниятҳои умумии семантикӣ наздикшавии калимаҳои маъмул бо мафҳуми умумии онҳост.
Семасиология (аз юн. semasia – маъно ва logos - илм) як қисми асосии вожашиносӣ (лексикология), ки маънои калимаҳоро меомўзад. Вазифаи семасиология таҳқиқи тамоми маъноҳои калима (сермаъноӣ, омонимҳо, синонимҳо ва антонимҳо) ва муайян кардани тобишҳои маъноии онҳо дар забон аст. Калима ягон предмет ё ҳодисаро номбар намуда, ба ин восита маънои умумии онро ифода мекунад. Масалан, калимаи луғат, ба ҷуз маънои умумӣ (умуман луғат) боз ба маънои забон, гуфтор, калима низ омада, бо калимаҳои зиёди дигар умумияти маъноӣ пайдо мекунад.
Семасиология бо семантика ва дигар илмҳо (таърих, мантиқ, равоншиносӣ, фалсафа) ва қисмҳои дигари забоншиносӣ (фонетика, грамматика) робитаи қавӣ дорад.
Семасиология (аз юн. semasia –маъно ва … логия - илм). Як қисми (бахши) асосии вожашиносӣ, ки маънои калимаҳоро меомўзад. Вазифаи семасиология омўхтани тамоми маъноҳои (сермаъноӣ, омоним, синоним ва антоним) ва муайян кардани тобишҳои маъноии он дар забон аст.
Калима ягон предмет ё ҳодисаро номбар карда, ба ин восита маънои умумии онро ифода мекунад. Масалан, калимаи луғат ба ҷуз маънои умумӣ (умуман луғат), боз ба маъноҳои забон, гуфтор, калима низ омада, бо калимаҳои зиёди дигар умумияти маъноӣ пайдо мекунад. Маънои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор