Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан
  1. Дар ҳуҷҷатҳои коргузории расмӣ (ариза, забонхат…) ҳамеша мақсади асосӣ аз сархат шуруъ мегардад.
    Масалан, дар аризаи донишҷў ба ректори донишгоҳ:
    Аз Шумо хоҳиш менамоям, ки бо сабаби дар шаҳр ҷойи истиқомат надоштанам маро бо хобгоҳ таъмин намоед.
    Сегментатсия (аз лот. segmentum – пора, қисмат). Таҷзияи гуфтор ба воҳидҳое, ки дар забон дорои функсияҳои гуногунанд. Маъмулан ду навъи сегментро ҷудо мекунанд. Сегмент дар сатҳи овозӣ ва дар сатҳи воҳидҳои маънодори забон: морфема, калима, ибора, ҷумла. Воҳиди хурдтарини паиҳамояндаи забон фонема мебошад. Таҷзияи фонемагӣ дар асоси меъёрҳои морфологӣ сурат мегирад. Таҷзияи ҳиҷоӣ дар заминаи истифодаи маҷмўи муайяни қоидаҳо (масалан, қоидаҳои Р.Аванесов барои забони русӣ, қоидаҳои Ф. де Соссюр барои забони франсузӣ).
    Муқаррар намудани ҳудуди ҳиҷоӣ аз рўи аломатҳои фонетикӣ:
    Аломатҳои сарҳади калима оғоз ё интиҳои овозии он аст.
    Семантика (франс. semantique, аз юн. sémantikӯs – ифодакунанда, séma – аломат), дар забоншиносӣ 1) яке аз ҷиҳатҳои омўзиши аломатҳо дар семантика; 2) дар таърихи забоншиносӣ бо семасиология як аст; 3) маънои воҳидҳои забон; 4) як қисми илми забоншиносӣ, ки маънои воҳидҳои забон, пеш аз ҳама, калимаро меомўзад. Калимаҳо дар забон ба гурўҳҳои сермаъно (полисемантикӣ) ва якмаъно (моносемантикӣ) ҷудо мешаванд.
    Ба гурўҳи калимаҳои якмаъно истилоҳоти илмҳои гуногун (мас., забоншиносӣ – фонетика, морфология, грамматика, исм, сифат) тааллуқ доранд. Омонимия, синонимия ва ба маънои маҷозӣ омадани калимаҳо асоси системаи семантика мебошанд. Масалан, дар забони тоҷикӣ калимаи гул аз ҷиҳати семантика хусусиятҳои гуногун дорад: гул – ғунчаи вошуда, гул – бенуқсон, гул – як навъи гиёҳ, гул – холи сафед (гули чашм), гул- номи касалӣ, гул – фатилаи шамъ, гул – рўй, рухсорва ғ.
    Семантика (франс. Sémantique, аз юн. sémantikos – ифодакунанда, séma – аломат), дар забоншиносӣ 1) яке аз ҷиҳатҳои омўзиши аломатҳо дар семантика, 2) дар таърихи забоншиносӣ бо семасиология як аст, 3)
пешина
аз 389
навбатӣ