Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Сараъзои ҷумлаи яктаркиба. Маркази грамматикӣ дар сохтори ҷумлаҳои яктаркиба.
Сараъзоҳои ҷумла. Мубтадо ва хабарро сараъзоҳои ҷумла меноманд, зеро онҳо ду пояи бунёдии ҷумларо ташкил медиҳанд. Аъзоҳои пайрав бештар бар эзоҳи сараъзоҳо меоянд. Маънои грамматикии ҷумла
– далолат намудан ба воқеият, тасдиқ ё инкор намудан (муносибати предикативӣ) бо ёрии хабар ифода меёбад. Аз ин рў, имконоти ҳамаҷониба шарҳу эзоҳ ёфтан ва ба худ тобеъ намудани аъзоҳои пайрав дар хабар бештар аст. Мубтадо сараъзоест, ки сараъзои дигар – хабарро ва аъзоҳои пайравро ба худ тобеъ намуда, худ ба ягон аъзои дигар тобеъ намешавад.
Сарлавҳа. Калима, таркиб ё ибораест, ки дар аввали матн меояд ва мазмуну мундариҷаи он дар матни ба он алоқаманд инъикос меёбад.
Сархат (абзатс) - ҷойи холие, ки аз аввали сатр (ба миқдори гунҷоиши се ё чор ҳарф) боқӣ гузошта мешавад. Ҷойи холӣ вобаста ба мундариҷаи нави матне, ки дар варақ сабт меёбад, гузошта мешавад. Ҳар як сархат фикре ё чандин фикри (ҷумла) ба якдигар алоқамандро дар бар мегирад, ки марбути як мавзўъ ё мазмуни нав мебошад.
Мавридҳои истифодаи сархат:
- Дар асарҳои илмию бадеӣ пас аз сарлавҳа ва оғози фикри нав:
Деҳқононе,ки аз кор баргашта омаданд, ба гап задан ҳам ҳавсала надоштанд; ҳамаашон дар лаби ҷўй, бар рўйи рости баланди регин қатор шуда дароз кашиданд. Ҳанўз онҳо чашмҳояшонро нопўшида буданд,ки аз дур як савор намудор шуд; ин савор лаб-лаби ҷўйи Тезгузар ба тарафи сари ҷўй нигоҳ карда меомад (С.А.). - Дар муколама ҳангоми гуфтугўи ду шахс:
– Барои обронӣ омадагист, – гуфт аз ҷояш наҷунбида Самад.
– Расида ояд-чӣ! – гуфт Нормурод, – очашро нишон медиҳам.
Мондагии рўзномаамон бас набуд, ки ба касофати онҳо шаби дароз дар даруни об гашта ба кор кардан маҷбур шудем… (С.А.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор