Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

- Садонокҳои ғайрилабӣ – и, э, а.
Тамдид, ки дар давраҳои пешинаи инкишофи забони тоҷикӣ арзиши фонематикӣ дошта, барои фарқ кардани калима ва шаклҳои он истифода мешуд, имрўз ин саҳми худро аз даст додаст. Имрўз тамдид дар забони адабӣ ҳамчун нишонаи иловагӣ сифати нав пайдо кардааст ва барои фарқ кунонидани як гурўҳи садонокҳо аз дастаи дигари онҳо истифода бурда мешавад. Имрўз садонокҳоро ба дарозу кўтоҳ не, балки ба устувору ноустувор ҷудо мекунанд: - Садонокҳои устувор: э, ў, о.
- Садонокҳои ноустувор: и, а, у.
Садонокҳои ноустувор бештар дар як муҳити фонетикӣ – дар ҳиҷои кушодаи пеш аз ҳиҷои заданок омада, хусусан пеш аз ҳамсадоҳои беҷаранг (ҷигар, сафед, чуқур) тахфиф меёбанд ва маҳз дар ҳамин муҳити фонетикӣ ба садонокҳои устувор муқобил меистанд.
Системаи садонокҳо (ниг.: низоми садонокҳо).
Системаи ҳамсадоҳо. (ниг.: низоми ҳамсадоҳо).
Садопардаҳо. Қисми асосии халқ, ки дар овозсозӣ (садосозӣ) саҳми муҳим дорад. Ҳар кадоми садопардаҳои асосӣ аз ду мушак иборат аст, ки якеи онҳо аз лаби поёнии тағояки аҳромӣ, дигаре аз гўшаи тағояки сипарак сар шуда, дар охир бо ҳамдигар пайваст мешаванд. Холигие, ки дар байни садопардаҳо дар натиҷаи ҳаракати тағояки аҳромӣ ба вуҷуд меояд, сўрохии садо ном дорад.
Садопардаҳо қодиранд,ки дар як сония тахминан 40–1700 бор ларзанд, вале дар нутқи маъмулӣ лапиши онҳо ба 85–200 (дар нутқи мардон) ё 160–340 (дар нутқи занон) ларза дар як сония баробар аст. Садо дар натиҷаи ларзиши мураттабу муназзами садопардаҳо ба вуҷуд меояд.
Забони гимнҳои динии қадимаи ҳиндуҳо – Вед ва махсусан Ригведа, ки 1500 сол пеш аз милод пайдо шуда, бо забони хеле бой ва мукаммали санскрит навишта шуда буд, дар асрҳои V пеш аз милод аз забони гуфтугўии ҳамонвақтаи ҳиндӣ – пракрит хеле фарқ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор