Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

метавонад: дард, наҳр, панд. Мо ин ҳолатро танҳо дар воҳидҳои луғавии иқтибосӣ (трактор, спорт) мушоҳида мекунем. Корбасти паҳлу ба паҳлуи ду овози садонок барои забони тоҷикӣ чандон хос нест. Аҳамияти услубии пайвасти овозҳо танҳо бо таъмини мавзунӣ ва хушоҳангии нутқ маҳдуд намешавад. Онҳо гоҳо вазифаи муайяни услубиро низ адо мекунанд. Ин хусусият дар соҳаи сабти садо хеле барҷаста зоҳир мегардад. Истилоҳи сабти садо, ки махсуси соҳаи мусиқӣ буда, ба нота (дафтар) даровардани осори мусиқиро низ мефаҳмонад, дар услубшиносӣ ин истилоҳ усулҳои гуногуни воситаҳои услубии савтиро фаро мегирад, ки барои тақвияти муассирии садои нутқ корбаст мешавад. Сабти садо дар адабиёти бадеӣ марбут аст ба тарзи махсуси интихобу истеъмоли калимаҳое, ки бо садои хоса боиси образнок ва таъсирбахш ифода ёфтани фикр хоҳанд шуд.
Барои тасдиқи матлаб аз шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳаррўза дорам дўсттар»-и Ҳабиб Юсуфӣ порчаи зеринро метавон нишон дод, ки дар он ҳамсадои лаҳнии р ҳам алоҳида ва ҳам ба сурати такрор маҷмўан 14 маротиба ба кор рафтааст. Баъзеи онҳо услубан мўътадил бошанд ҳам, қисми зиёдашон сарбории махсуси услубӣ доранд:
Вақти он аст, эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех, То расӣ, манҳус анҷарро кунӣ бешоху барг.
Садонокҳои лабӣ – аввалан бояд зикр намуд, ки лабҳо низ дар тавлиди садонокҳои тоҷикӣ фаъолона иштирок мекунанд. Вобаста ба иштироки лабҳо садонокҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд:

  1. Садонокҳои лабӣ – у, ў, о.
пешина
аз 389
навбатӣ