Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Романистика – маҷмўи илмҳои филологие, ки тамаддуни моддӣ ва маънавии халқҳое, ки ба забонҳои романӣ муошират мекунанд; як соҳафасли забоншиносӣ, ки таърихи пайдоиш ва инкишофи забонҳои романиро меомўзад.
Русистика – ҳамчун истилоҳи филологӣ дорои ду маъност. Ба маънои васеаш русистика як соҳаи филология буда, забон, адабиёт ва эҷодиёти шифоҳии русро меомўзад. Ба маънои маҳдудаш русистика илмест, ки таъриху ҳолати имрўзаи забони русиро меомўзад. Асосгузори забоншиносии рус М.В.Ломоносов аст.
С
Сабкҳои фонетикӣ. Тафовути замонии талаффузи воҳидҳои овозӣ (тез ё суст гап задан), ки дар муҳитҳои гуногуни мухобирот падид меояд.
Фарқ кардани сабкҳои гуфтор дар таҳқиқи масъалаҳои фонетика ва орфоэпия аҳамияти амалию назариявӣ дорад. Л.В.Щерба зарурати ҷудо кардани ду сабк, сабки возеҳ (ё комил) ва гуфтугўиро таъкид мекард.
Сабки возеҳ ё комили нутқ маъмулан дар нутқи оммавӣ, ки дар он бинобар муҳити хосаш воҳидҳои забонӣ ба таври равшану возеҳ талаффуз меёбанд, воқеъ мегардад. Сабки возеҳ ҳангоми ба воситаи радио ва телевизион хондани ахбори муҳим, дар суханрониҳои расмӣ ва гузоришҳои илмию ҳисоботӣ воқеъ мегардад. Ин сабк инчунин ҳангоми сўҳбати телефонӣ ё дар сурати мавҷуд будани фосилаи калон дар байни ҳамсўҳбатон зоҳир мегардад. Дар зери мафҳуми «сабки возеҳ» талаффузи ҳарф ба ҳарфро фаҳмидан раво нест, зеро сабки возеҳ тарзи талаффузест, ки мувофиқи меъёри забони адабӣ воқеъ мегардад. Дар зери мафҳуми сабки гуфтугўӣ талаффузи воҳидҳои овозии забон, ки нисбат ба сабки возеҳ босуръаттар сурат мегирад, фаҳмида мешавад. Хусусияти муҳимтарини сабки гуфтугўӣ суръати нутқ аст. Дар сабки гуфтугўӣ ҳодисаҳои гуногуни фонетикӣ: тахфифи садонокҳо (махсусан, садонокҳои ноустувори и, а, у) ва афтидани овозҳои алоҳида, ҳиҷоҳо, монандшавӣ ва ҷойивазкунии овозҳо бештар воқеъ мегарданд. Бештарини соҳибони забон дар кори ҳаррўзаи худ маъмулан сабки гуфтугўиро истифода мебаранд. Масалан, калимаи мéгўям дар сабки возеҳ ҳамаи овозҳои таркибашро нигоҳ медорад, аммо дар сабки гуфтугўӣ тахфиф меёбад ва яке аз ҳиҷоҳои он [йа], ки садоноки ноустувори а дорад, меафтад: мéгўм.
Ин тарзи талаффузро дар калимаҳои меравам//мерам, наметавонам//наметонам ва ғ. мушоҳида кардан мумкин аст.
Сабти садо - агар калимаи сода бо ду ҳамсадо тамомшуда (қаҳр, санг), ҳисаи дуюми калимаи мураккаб сода бо ҳамсадо шурўъ гардад, се ҳамсадо метавонад пасиҳам воқеъ шавад: санглох, барзгар, дардманд, ангишткан. Дар аввали калимаҳои аслан тоҷикӣ танҳо як ҳамсадо омада

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор