Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

бехонагӣ, ҳамхонагӣ калимаи «хона» реша мебошад. Дар калимаҳои пеш, пешакӣ, пешин, пешина, пешона, пештар, пештарак калимаи «пеш» реша аст.
Решагӣ. Ҳамаи калимаҳои маънидоре, ки тақсимнопазир буда, ба дигар ҳиссаҳои маънои мустақилдошта ҷудо намешаванд, калимаҳои решагӣ ба ҳисоб мераванд: об, замин, даст, замон, кўҳ, дарахт, ном, нон, даст, пой, чой, мард, зан.
Риторика (юн. rhētorike – санъати суханварӣ, санъати наттоқӣ).
Суханварӣ бо каломи зебо ва лаҳни шево баён кардани мақсад, ҷалб намудани таваҷҷўҳи шунавандагон ва ҳунари сухан гуфтанро меомўзонад.Сухан дар қолаби калима, ибора ва ҷумлаҳои дилнишин бо ёрии фикру андеша ифода меёбад. Ҳадафи асосии суханварӣ фаҳмиш ва баёни мавзўи хосса ба шунаванда аст. Баёни суханвар бояд тавре сурат бигирад, ки тавонад бахше ва ё кулли шунавандагонро тасхир созад ва дар қалби онҳо ҳиссиётҳои гуногун: чун кин, ғам, шодӣ ва амсоли инро барангезад. Дар аксар мамолики Шарқи бостон суханварон хатибон буданд. Мардум ба онҳо эътиқоди қавӣ дошта, ононро аз нерўи илоҳӣ шуморида чун паёмбарон эътироф мекарданд. Хоҷа Ҳофиз ба суханони гарму саршор аз сафову имону ҳаяҷон ва омўзанда дилбастагие дошта чунин сурудааст:
Ғуломи он калимотам, ки оташ афрўзад, На оби сард занад аз сухан бар оташ низ.
Кўҳнатарин осори суханварӣ дар мағрибзамин ба Юнони бостонӣ ва ба қарни панҷуми қабл аз милод иртибот дорад. Мулки Машриқзамин низ дар тўли таърих суханварони забардастеро ба майдон оварда, машҳури олам гардонид. Суханварӣ дар Шарқ бо ислом пайванди ногусастанӣ дошта, бо номҳои «Хатиб», «Воиз», «Қиссахон», «Ровӣ»
зуҳур кардааст. Суханварони араб ба монанди хатиби Розӣ, хатиби Мисрӣ, хатиби Димишқӣ дар олами ислом ҳамчун суханварон машҳуранд.

пешина
аз 389
навбатӣ