Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Редуксия (лот. reduction – баргардонидан, баргаштан, кутоҳ кардан). Дар зери мафҳуми редуксия (тахфиф)тағйироти овозие фаҳмида мешавад, ки дар муҳити безадагӣ воқеъ мегардад. Ин падида бештар хоси садонокҳост. Вобаста ба навъи тағйирот ду навъи редуксия – сифатӣ ва миқдорӣ фарқ карда мешавад. Дар редуксияи миқдорӣ вақте, ки барои тавлиди садонок лозим аст, кам мешавад. Масалан, садоноки а дар ҳолати заданокӣ дар калимаи дар бо тамдиди лозим талаффуз мешавад. Аммо дар ҳолати заъиф (сафед) тамдиди худро хеле кам мекунад, яъне тахфиф меёбад.
Редупликатсия (лот. reduplication – дуто шудан, ҷуфт шудан). Реша ё асоси калима дар калимасозӣ такроран омада, калимаи мураккаб месозад:
гуногун, даводав, рангоранг, гурезогурез, чирчирак, чақ-чақ кардан.
Резонатор (лот. re – пешванде, ки «нав шудан»-ро ифода мекунад + construction – сохтан, тартиб додан). Барои ба вуҷуд омадани овоз кори садопардаҳо кофӣ нест, зеро ларзиши онҳо овози бисёр заъифро ба вуҷуд меорад. Овоз дар холигии (резонатори) болои ҳалқ тақвият пайдо карда, танини хоси худро меёбад. Холигиҳо – резонаторҳои аз ҳалқ болотар инҳоянд: а) холигии гулў; б) холигии даҳон ва в) холигии димоғ. Ин се холигӣ вобаста ба шаклу ҳаҷмашон ба овоз на танҳо тобишҳои гуногун мебахшанд ва онро тақвият медиҳанд, балки овозҳои алоҳидаи нутқи моро месозанд.
Реконструксия (аз лот. re – пешванд ва construction – сохтан) – дар забоншиносии муқоисавию таърихӣ маҷмўи усулҳои барқарор намудани ҳолатҳои забонии аз байнрафтаи падидаҳои забонӣ ва шаклҳо тавассути муқоисаи таърихии воҳидҳои ҷудогонаи забон, забони ҷудогона, гурўҳ ё оилаи забонҳо.
Рема. Дар таҷзияи актуалии ҷумла ҷавҳари (ядрои) нутқ аст, ки гўянда дар бораи тема ифода мекунад. Рема, одатан, пас аз тема меояд.
Реша. Ҳиссаи маънидор, қисми асосии калима, ки ба дигар ҳисаҳои (морфемаҳои) мафҳуми мустақилдошта тақсим намешавад. Дар калимаҳои бехона, ҳамхона, хонавода, хонавор, хонаги, хонадон,

пешина
аз 389
навбатӣ