Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

марҳалаҳои гуногуни таърихи забоншиносӣ намояндагони равияи психологӣ мафҳумҳои аслӣ, предмет ва вазифаҳои таҳқиқро ба тариқи гуногун тафсир мекарданд. Системаи назарияҳо ба табиати психологии забон ба таври куллӣ тағйир ёфт. Ин боиси ба вуҷуд омадани равияҳои гуногуни психологӣ, мактабҳо ва назарияҳо гардид: 1) равияи мантиқӣ ва мактабҳои шаклӣ дар забоншиносӣ; 2) тамоюл ба психология ҳамчун бунёди методологӣ; 3) кўшиши таҳқиқу омўзиши забон дар ҳолати воқеии фаъолият кардан. Равияи психологӣ дар заминаи дар солҳои 50-ум асри XIX зери таъсири фалсафаи забони В. Фон Гумболдт ба вуҷуд омад.
Асосгузори равияи психологӣ Х.Штейнтал мебошад. Дар Русия А.А.Потебня намояндаи барҷастаи он буд. Психологизми забоншиносӣ ба этнолингвистика, сотсиолингвистикаи муосир, сотсиопсихолингвистика, аз ҷумла ба грамматикаи тавлидӣ (генеративӣ) таъсири назаррас намудааст. Дар нимаи аввали асри ХХ ба ивази забоншиносии психологӣ равияҳои сотсиологӣ ва равияҳои шаклӣ (формалӣ), пеш аз ҳама, забоншиносии сохторӣ (структуравӣ) ба вуҷуд омаданд, ки бештар ба ҷиҳати оморӣ ва забоншиносии ҳамзамонӣ (синхронӣ) таваҷҷўҳ зоҳир менамуданд. Марҳалаи нави сифатии инкишофи равияи психологии забоншиносӣ психолингвистика мебошад, ки ҷиҳатҳои пурқуввати равияи психологияро ба меросӣ гирифта, ғояҳои сифатан нав, вусъати амиқи предмети таҳқиқ, фаҳмиши амиқу бештари табиати иҷтимоии забон ва коркарди усули озмоиширо ба миён гузошт.
Психологизми забоншиносӣ дар зери таъсири психология инкишоф ёфта, ҳамзамон ба неогумболдтчигӣ (неогумбольдтианство), этнолингвистика, забоншиносии иҷтимоӣ, сотсиопсихолингвистика, аз ҷумла ба грамматикаи муосири тавлидӣ (генеративӣ) таъсири бузурге гузошт.
Равияи услубӣ. Равияе, ки дар он инкишофи ин ё он падидаи забонӣ аз назари вижагии услуб мавриди омўзиш қарор мегирад. Равияи мўъҷазбаёнӣ. Равияи ихтисоршавии калима. Равияи ба ҳиҷои аввал гузаронидани ҳиҷои охири калима; Ояд ҳаме – ҳамеояд, раваме – меравам, намеравам – менаравам.

пешина
аз 389
навбатӣ