Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Р
Равияи лингвистикаи матн. Равияест, ки объекти он қоидаҳои созмони матни алоқаманд ва категорияҳои маъноист,ки мутобиқи чунин қоидаҳо ифода меёбанд. Дар марҳалаи нахустини инкишофи худ тарзҳои маҳфуз доштани алоқамандӣ, фаҳмою возеҳ будани матн, методҳои ифодаи шахсу предмет (сохторҳои анафорӣ – такрори айни як калима, силсилаи намуду замонӣ), тақсимбандии тема ва рема, таҷзияи актуалии ҷумларо таҳқиқ менамуданд. Ба инкишофи ин гуна таҳқиқ баррасии масъалаҳои марбути сохторҳо, тартиби калима, қоидаҳои интихоби актуализатсия ҳангоми гузариш аз забон ба нутқ мусоидат намуданд. Ин равия бо прагматика (омўзиши ҷанбаи корбурди аломатҳои забонӣ дар нутқ), психолингвистика, сотсиолингвистика, дискурс, суханварӣ (риторика),услубшиносӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Равияи мантиқӣ маҷмўи ҷараёнҳо ва назарияҳои ҷудогонае,ки муносибати забонро бо тафаккур, дониш дар мактабҳои гуногуни забоншиносӣ, мантиқ ва фалсафа меомўзад.Барои равияи мантиқӣ баррасии масоили зайл хос аст: 1) таҳқиқи проблемаҳои генесология (назарияи шинохт); 2) тамоюли ошкор намудани хусусиятҳои ҷомеъи забон; 3) таҳияи принсипҳои ягонаи таҳлили забон, ки аз шаклҳои воқеии забонӣ вобаста нестанд (тасаввуроти умумӣ роҷеъ ба сохтори ҷумла, системаи ҳиссаҳои нутқ ва м.и.); 4) авлотар шумурдани таҳлили синхронии (ҳамзамонии) аз таҳлили диахронӣ (дарзамонӣ), грамматикаи тасвирӣ аз грамматикаҳои таърихӣ ва муқоисавию таърихӣ; 5) афзалияти таҳқиқи синтаксис (назарияи ҷумла) ва семантика; 6) ташхиси категорияҳои грамматикӣ аз рўйи муносибати онҳо ба категорияҳои универсалии мантиқ: калима – ба мафҳум, ҳиссаҳои нутқ ба функсияҳои мантиқии онҳо, ҷумла ба муҳокима, ҷумлаи мураккаб ба натиҷаю хулосабарорӣ.
Равияи психологӣ – маҷмўи ҷараёнҳо, мактабҳо ва консепсияҳои ҷудогона, ки забонро ҳамчун фономени ҳолати психологӣ (равоншиносӣ) ва фаъолияти инсон ё халқ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор