Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

«Деҳқон корид», «Донишҷў навишт» феълҳои корид, навишт дар мавридҳои зарурӣ бо пуркунандаҳои бевосита тафсил меёбад: Деҳқон гандум корид. Пуркунандаҳои бевосита бо исмҳо, ҷонишинҳои ифодагари мафҳумҳои шахсу ашё, масдар ва ҳиссаҳои исмгардида ифода меёбад ва бо пасоянди -ро ба хабару аъзоҳои дигари ҷумла тобеъ мешаванд. Пуркунандаҳои бевоситаи суратнаёфта мафъули ғайри мушаххасу умумиро мефаҳмонанд ва ба саволҳои Чӣ? (Чиҳо?) ҷавоб шуда, бо исмҳои ғайришахс ифода меёбанд: Дониш талабу бузургӣ омўз.
Пуркунандаҳои суратнаёфта ба маънои феъле ҳам таъсир мерасонанд:
дарсро тайёр кардан – дарс тайёр кардан.
Пуркунандаи бавосита мафъулеро мефаҳмонад, ки амал, ҳолат ва аломати хабарҳои феълию номӣ ба он нигаронида шудааст. Ҳама гуна исмҳо, ҷонишинҳои предметӣ, масдар ба вазифаи пуркунанда ба восита омада метавонанд. Дар ифодаи муносибатҳои маъноӣ ва дастурии ин гуна пуркунандаҳо бо хабар пешояндҳои аслии аз, ба, бо, бе, барои, дар ва пешояндҳои таркибии дар бораи, роҷеъ ба, оид ба, дар хусуси, дар ҳаққи, назар ба ва ғ. истифода мешаванд:
Гули хушбўй дар ҳаммом рўзе,
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ў гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бўйи диловези ту мастам (Саъдӣ).

Подшоҳе бо ғуломе аҷамӣ дар киштӣ нишаст (Саъдӣ).
Пуркунандаи тафсилӣ. Пуркунандае, ки бо муайянкунанда тафсил ёфтааст, яъне шарҳу эзоҳ дода шудааст: Фақат дарсҳои навро гўш мекард (Ҷ.И.); Дирўз дар кўчаи марказӣ ошнои деринаам – Ҷўра Холдоровро дида мондам (Ҳ.К.).

пешина
аз 389
навбатӣ