Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Предикативӣ. Бо воситаҳои забонӣ ифода шудани муносибатҳои мазмуни фикри гуфташуда вобаста ба ҳақиқати воқеӣ ҳамчун бунёду асоси ҷумла. Воситаҳои дастурии ифодаи предиативӣ инҳоянд: 1.
Категорияи замон; 2. Категорияи шахс; 3. Категорияи модалӣ.
Просодия (аз юн. prosōdia – зада (просодика) 1) системаи воситаҳои фонетикӣ (қуввагӣ, баландӣ, замонӣ), ки дар ҳамаи сатҳҳои унсурҳои нутқ (ҳиҷо, калима, ибора, синтагма, фразе, матн) иштирок дошта, нақшу вазифаи маънофарқкунӣ доранд. Ба ин маънӣ истилоҳи просодия муодили оҳанг аст; 2) номи умумии воҳидҳои забарзанҷирии нутқ дар сатҳи дарк (баландии лаҳн, сахтии овоз, тамдид) ва ҳам дар сатҳи физикӣ (басомади лаҳни асосӣ, шиддатнокӣ, замон). Ба ин маънӣ просодия хилофи оҳанг аст, ки барои ифодаи категорияҳои функсионалӣ истифода мешавад.
Протеза (ниг.: афзоиш).
Пуркунанда. Пуркунанда мафъули (объекти) амал, ҳолат ва аломатро ифода мекунад. Пуркунандаҳо аз ҷиҳати сохт содаю тафсилӣ мешаванд. Пуркунандаи сода бо калима ва таркиб ифода меёбад: мактуб навиштан, заминро шудгор кардан, дар хусуси хондан маслиҳат кардан.
Пуркунандаҳо бо алоқаи изофӣ ё ҳамроҳӣ аъзоҳои дигари ҷумларо ба худ тобеъ намуда, тафсил меёбанд: бо коргарони корхона сўҳбат кардан.
Пуркунандаҳо аз ҷиҳати маъно ва аломатҳои дастуриашон ба бавоситаю бевосита гурўҳбандӣ мешаванд. Пуркунандаҳои бевосита объекти (мафъули) хабарро,ки бо феълҳои гузаранда ифода ёфтааст, мефаҳмонад.
Пуркунандаҳои бавосита объекти (мафъули) бавоситаро ифода намуда, ба феълҳои гузаранда, монда ва хабарҳои номӣ тобеъ мешаванд: аз муаллим пурсидан, бо дўстон сўҳбат кардан, дар кор намуна будан.
Пуркунандаи бавосита танҳо бо як тарзи алоқаи наҳвӣ (вобастагии пешояндӣ) ва пуркунандаи бевосита бо ду тарзи алоқа (вобастагӣ ва ҳамроҳӣ) ба хабар тобеъ мешавад.
Пуркунандаи бевосита мафъулеро мефаҳмонанд, ки амали гузарандаи хабарҳои феълӣ ба он равона карда шудааст. Дар ҷумлаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор