Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

назди…, аз рўи…, дар бораи…, дар ҳаққи; 5) пешояндҳои номии изофии такрор: пеш-пеши…, таг-таги…; 6) пешояндҳои таркибии ғайриизофӣ:
пеш аз, пас аз, ғайр аз, назар ба, нисбат ба, оид ба, роҷеъ ба. Дар ҳар як пешоянди аслӣ маънои асосӣ дида мешавад, ки дигар тобишҳои маъно аз он инкишоф ёфтаанд. Чунончи, пешоянди «аз» бештар барои ифодаи муносибатҳои масоҳавӣ ва замонӣ меояд ва дар мавридҳои зерин ба кор бурда мешавад: 1. Мавқеи баромади амал аз предмет, аз дохили предмет:
Аз Ворух ба Самарқанд меравам (Р.Ҷ). 2. Барои нишон додани гузаргоҳи чизе: Вақт аз ними шаб гузашта буд (С.А.). 3. Замони сар шудани амал ё ҳодиса: Устухонам гашта сахт аз кўдакӣ бо шири ту (А.Д.). 4. Дар ифодаи куллу ҷузъ: Яке аз дўстонам ба ман бо роҳи маслиҳат гуфт (С.А.). 5. Дар ифодаи соҳибият:
Навбати ояндаи тўй аз вай аст,
Шодии ҳар як дару кўй аз вай аст (М.Т.).
6. Сарчашмаи амал ва ҳолат: Аз дўст як ишорат, аз мо ба сар давидан (Зарбулмасал). 7. Объекти муҳокима ва фикр:
Сўҳбат аз ҳикмати забон мерафт,
Аз фазои ситорагон мерафт (М.Т.).
Пиктограмма (лот. pictus – расм, нақш + gramma – аломатҳои хат, хат). Аломат ва ё унсурҳои хати питографӣ, ки мафҳумеро ба воситаи рамз ё нақше ифода менамояд.
Пиктография (лот. pictus – расм, grapho – менависам). Хати пиктографӣ, ки қадимӣ буда,фикру андеша тавассути нақшу суратҳо ифода карда мешавад.
Полисемия (юн. poly sema – ишора, маъно. Ниг.: сермаъноӣ).
Потамоним – навъе аз топонимҳо. Номи дарёҳо: Ёхсу, Сурхоб, Сирдарё, Зарафшон, Вахш.
Предикат (аз лотинии praedikatum – гуфташуда) – истилоҳи соҳаи мантиқ ва забоншиносӣ. 1. Хабари мантиқӣ – муҳокимае,ки дар бораи субъект гуфта шудааст. 2. Хабари грамматикӣ: Мо мехонем. Мо хондем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор