Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

туро намезебад (М.Т.). Пасоянди -ро дар ифодаи объекти бевосита бо пешояндҳои ба, аз, дар, дар бораи, барои хусусияти синонимӣ пайдо мекунад. Пасоянд – пасоянди катӣ (қатӣ) маъноҳои зеринро ифода мекунад: а) ҳамроҳӣ дар иҷрои амал: Ман бародарам катӣ омадам; б) восита ва тарзи иҷрои амал: Гоҳо як дасташ катӣ чашмони хок пур шудагиашро молида пок мекард (А.Д.). Пасоянди барин дар ифодаи монандкунӣ меоянд: Ман шумо барин боғайрат шуданро мехоҳам (С.А.).
Пасоянди боз муносибати замониро ифода менамояд: Ба хонаи як бародархондам меравам, ки дер боз надидаам (Р.Ҷ.).
Пауза (ниг.: танфис).
Перфект (лот. peerfectum – воқеъгардида). Шакли феълие, ки дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ амалу ҳолати дар гузашта воқеъгардида ба охир расидаро ифода мекунад. Дар забони тоҷикӣ ҳамаи шаклҳои нақлии феъл перфектанд: хондаам (хондаем), мехондаам (мехондаем), хонда шудаам (хонда шудаам), хонда будаам (хонда будаем), хонда истода будаам (хонда истода будаем).
Пешоянд. Калимаҳои ёридиҳандае мебошанд, ки бо исмҳо, ҷонишинҳо ва калимаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳои таркиби ибора ё ҷумла ифода мекунанд. Пешояндҳо муносибатҳои масоҳатӣ (Қорӣ Исматро аз хона бароварданд (С.А.); ба хона дароварданд; дар суфа нишастанд), замонӣ аз пагоҳ то бегоҳ пахта чидан, дар нисфи рўз дам гирифтан), объекти (бо китоб омадан, бе каланд кор кардан), сабабу мақсад (аз беборишӣ алаф нарўидан; барои хабаргирӣ омадан), воситаи иҷро (бо қалам навиштан), тарзи иҷрои амал (ба хубӣ иҷро кардан), монандӣ-муқоисавӣ (мисли шер ғурридан), хилофӣ (бар хилофи серҳаракатӣ кам кор кардан) мефаҳмонанд. Аз рўи таркиби морфологиашон пешояндҳои забони тоҷикӣ ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд: 1) пешояндҳои аслии сода: аз, ба, бар, бо, дар, то, бе, ҷуз; 2) пешояндҳои аслии таркибӣ: то ба, ҷуз аз, ба ҷуз, барои; 3) пешояндҳои содаи номӣ ва изофӣ: пеши…, назди…, рўи…, баъди…, ғайри…; 4) пешояндҳои номии изофии таркибӣ: ба пеши…, дар

пешина
аз 389
навбатӣ