Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

талаффуз ба якдигар қаробат дошта, маъноҳои гуногунро ифода мекунанд ва дар осори адибон бо мақсади услубӣ истифода мешаванд:
мафҳум – мавҳум, қадр – ғадр, шўх – шух, сабр – савр, тааммул – таҳаммул, шавқат – шафқат, хилол – ҳилол, нуфуз – нуфус.
Парселлятсия (аз фаронсавии parcella – мувофиқат мекунад; лот.
partikula – ҳисса, ҳиссача). Чунин тарзи ба ҳиссаҳо ҷудокунии ҷумлаҳост, ки ҷумла дар шакли ягона не, балки дар ду ё се ҳиссае, ки паси ҳамдигар омада, аз ҷиҳати ифодаи маъною оҳанг ба ҳам алоқаманд шудааст, оварда мешавад: Мард акси ў буд. Ғами ниҳонӣ мехўрд. Мудом рўҳаш пажмурда буд. Азоби виҷдонӣ мекашид. Рози дилашро ба касе намегуфт. Ҳамаи ин бесабаб набуд. Вай ғами шарикаш – Саодатро мехўрд (Ҳ.К.).
Парселлятсия ҳамчунин тарзи тақтеъ – ба ҳиссаҳо ҷудокунии фразаҳое, ки дар шакли ягона не, балки ба ду ё се порча-ҳиссае, ки паси ҳамдигар омада, аз ҷиҳати ифодаи маъною оҳанги ба ҳам алоқаманду марбут оварда мешавад: Хурд будӣ, навозишат карданд. Хандидӣ.
Завқидӣ. Қоҳ-қоҳ задӣ. Кўдакона ноз кардӣ (Ҳ.К.).
Пасояндҳо – калимаҳои ёридиҳандае мебошанд, ки пас аз калимаҳои мустақилмаъно омада, муносибатҳои синтаксисии онҳоро бо дигар калимаҳо нишон медиҳанд. Пасояндҳо мисли пешояндҳо барои робитаи аъзоҳои ҷумла ва аниқ намудани вазифаҳои синтаксисии феъл ва ҳиссаҳои номии нутқ хизмат мекунанд. Пасояндҳои забони тоҷикиро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) пасояндҳои аслӣ, ки маънояшон ниҳоят грамматиконида шуда, аз маънои луғавӣ тамоман маҳруманд. Пасоянди - ро чунин хусусият дорад; б) пасояндҳои номӣ, ки ба вазифаи калимаҳои мустақилмаъно кор фармуда мешаванд. Пасояндҳои қатӣ, боз, барин пасояндҳои номианд. Бо пасоянди -ро мафҳумҳои зерин ифода карда мешаванд: 1. Ба предмети муайян бевосита гузаштани амал, ки бо феълҳои гузаранда ифода шудааст: Гулрў кўзаро гирифта, ба ҳавлӣ даромад (Р.Ҷ.).
Исмҳои хос, ҷонишинҳои шахсӣ, нафсӣ чун объекти бевосита бештар бо пасоянди -ро меоянд: Писаратон маро масхара карданд (С.У.). 2.
Пасоянди -ро дар ифодаи объекти бевоситаи амал низ меояд: Бадзабонӣ

пешина
аз 389
навбатӣ