Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бурд дилу ҷони ман, дилбари ҷонони ман, Дилбари ҷонони ман, бурд дилу ҷони ман (Ҳофиз).
Паратаксис (юн. parataxis – ба ҳамдигар баробар гузоштан). Ҳамчун ҷумлаҳои мураккаби пайваст: Ман омадам ба дилхушӣ, аз пеш баромад ғўзакашӣ (Зарбулмасал). Паратаксис хилофи гипотаксис (ҷумлаҳои мураккаби тобеъ) аст.
Паронимия (юн. para – назди + onyma - ном). Калимаҳои ҳамрешае, ки аз ҷиҳати тарзи талаффуз ё оҳанг ба ҳамдигар наздиканд ва дар ифодаи маъно қисман мувофиқат мекунанд ё бо ҳам шабеҳу қаробат доранд:
алафдор – алафзор; нимрўзӣ – нимрўза, мақсад- мақсуд. Истилоҳи паронимро Арасту ба маънии калимаи сохта пешниҳод намудааст.
Паронимҳо (юн. para – наздик + onyma – ном). Ду ва зиёда калимаҳои аз бобати таркиби овозӣ ба ҳам наздик, вале аз ҷиҳати ифодаи маъно ба куллӣ фарқкунанда. Масалан, ҷуфтҳои аз бобати овозӣ ба ҳам наздики рўҳ-руҳ, мўъмин-мумин, аъдо-адо, барқ-барг. Дар нутқ паронимҳо (калимаҳои наздиковоз) огоҳона ва баъзан беихтиёр ба кор бурда шуда, боиси гуногунрангии нутқ мегарданд:
Мард он бошад, ки бахшад симу зар дар зиндагӣ, Симу зар суде надорад он замон, ки мард мурд.
Соқиё, дармон надорад хушкреши рўзгор, Бода дардеҳ, то фурў резам ба рўйи дард дурд (Ибни Ямин).
Калимаҳои паронимии (наздиковози) таркиби луғавии забони тоҷикӣ сабабҳои гуногуни пайдоиш доранд. Сабаби асосии падидаҳои омонимҳо, гунаҳо ва паронимҳои луғавӣ маҳдудии овозҳои нутқ аст.
Паронимҳо мумкин аст бо як унсури овозии худ тафовут дошта бошанд:
аъзо-азо, гўл-гул, мавҳум-мафҳум. Паронимҳо дар ташаккули нутқи ифоданок низ иштирок мекунанд, истифодаи паронимҳо дар қолаби ибораҳои изофии фразеологӣ низ асари намоёне дорад: матонати матин, навъи нав, ҷавонии ҷаҳон, қобили қабул.
Парономазия (юн. paranomasio аз paro – наздик ва onomaso - мегўям). Шаклҳои гуногуни калимаҳое, ки аз ҷиҳати таркиби овозӣ ва

пешина
аз 389
навбатӣ