Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

истифодаи ҷузъҳо ва унсурҳои парадигма (аз ҷониби гўянда ё нависанда) ба шароити нутқ ва мақсади мухобире марбут аст. Дар забоншиносии муосир баррасии парадигма, парадигматика ва синтагматика мақоми махсусе доранд. Он ба таълимоти Фердинанд де Соссюр оид ба муносибатҳои парадигматикии байни воҳидҳои забон (дар хотири одамон) ва синтагматикӣ – паиҳамӣ (дар ҷараёни гуфтор) асос ёфтааст.
Парадигматика (аз юн. paradigma – мисол, намуна) – ба ду маънӣ муаррифӣ мешавад: 1) яке аз ду ҷиҳати омўзиши системавии забон, ки ду навъи таҷзия ва муқобилгузории ду тарзи муносибати байни унсурҳои воҳидҳои забон – парадигматикӣ ва синтагматикиро як фасли забоншиносӣ, ки муносибатҳои парадигматикӣ, таснифоти онҳоро муайян менамояд ва муқобили синтагматика аз рўйи омўзиши муносибатҳо ва гурўҳбандиҳо; 2) ба маънои васеаш – системаи забонӣ ҳамчун гурўҳҳои лингвистӣ – парадигмаҳо. Масалан, шаклҳои падежи як калимаи тасрифшаванда ва ё шахс дар як феъл. Як реша дар иҳотаи вандҳои гуногун.
Паралингвистика (аз юн. pará – назди, канори ва лингвистика) – 1) як соҳаи забоншиносӣ, ки воситаҳои ғайризабониашро меомўзад, ки шомили иттилооти гуфтор буда, бо воситаҳои забонӣ иттилооти маъноиро ифода менамоянд; 2) маҷмўи воситаҳои ғайризабоние, ки дар иртибототи нутқӣ иштирок мекунанд. Дар илми муосир 3 навъи воситаҳои ғайризабониро фарқ мекунанд: фонатсионӣ, канстикӣ ва графикӣ. Тембр (сифати овоз), суръати нутқ, баландии садо, анвои танфис («э-э», «м-м»), падидаҳои навоӣ ва махсусиятҳои талаффузи овозҳои нутқ воситаҳои фонатсионианд. Имою ишорат, ҳаракати чеҳра воситаҳои кинетикӣ ва унсурҳои ҳарф ва аломатҳои китобат воситаҳои графикианд.
Параллелизм (юн. parallelos – баробар раванда). Аз ҷиҳати синтаксисӣ як хел тартиб додани қисмҳои нутқ, яъне баробар ҷобаҷо кардани аъзоҳои ҷумлаи ба якдигар монанд ё ҷумлаҳои ба ҳам наздик:
Аввал бубин ҷои худ, баъд бимон пои худ (Зарб.). Параллелизм бештар хоси назм аст:

пешина
аз 389
навбатӣ