Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

пайдоиши сарчашма инчунин ба ошкор кардани кору фаъолияти хаттотони гуногун таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамоянд.
Палиндром (юн. pahindromeo – ақиб, пас давидан, гаштан). Калима, ибора ё шеъре, ки аз чап ба рост ё аз рост ба чап хонда шавад ҳам, як хел маъно медиҳад: каллак (дар таркиби каллак, каллак кардан), Азиза.
Парадигма (аз юн. parádigma – намуна, мисол), системаи шаклҳои гуногуни як калима, ки шакливазкунии онро аз рўи категорияҳои грамматикии ба он хос (аз рўи ҷинс, шумора, ҳолат (падеж) тағйир ёфтани исмҳо; шахсу шумора дар феълҳо) ифода менамояд; нақши (сурати) тағйирёбии калима мувофиқи категорияҳои грамматикӣ – тасрифи исмҳо, тасрифи феълҳои шаклҳои воҳидҳои забон ва маънои онҳо дар парадигма зоҳир мешавад. Маънои грамматикӣ бошад тавассути ҷузъи ҷудогонаи парадигма ифода меёбад. Масалан, категорияҳои номуайянию шумора дар исм (хона-хонае, хона-хонаҳо), дараҷа дар сифат (хуб-хубтархубтарин), шахсу шумора дар феъл (мехонам, -ӣ, -ад; -ем, -ед, -анд). Ба парадигма ягонагӣ ва айнияти асосҳо хос аст. Дар забоншиносӣ онро шакли ҷадвали анҷомҳо ифода мекунанд. Масалан, парадигмаи калимаи хона чунин аст: хона – хонаҳо, хонае, хонаи, хонаеро, хонаам (-ат, -аш, - амон, -атон, -ашон). Парадигма ва муносибатҳои парадигматикӣ дар ҳамаи қисматҳои забон: фонетика, морфология, синтаксис, инчунин семасиология, лексика, калимасозӣ ва амсоли ин дида мешавад.
Парадигмаи фонема – маҷмўи тобишҳои қонунии фонема, ки ба ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ: мавқеи зада, сохти ҳиҷо ва амсоли ин вобаста аст.
Масалан, фонемаи и дорои гунаҳои кушод (дарозӣ), пўшида (сиёҳ), ақибизабонӣ (хирман), ноустувор (шитоб), устувор (тира) ва амсоли ин мебошад. Парадигмаи морфема: роҳбар-раҳбар, медиҳам-деҳ. Парадигмаи луғавӣ: тифл – кўдак – наврас - ҷавон. Парадигмаи семантикӣ: мактаби миёна - мактаби маҳорат - мактаби забоншиносӣ. Парадигмаи калимасозӣ: подабон – колхозчӣ – оҳангар - омўзгор. Парадигмаи морфологӣ: гўям – гўӣ – гўяд – гўем – гўед – гўянд. Парадигмаи синтаксисӣ:
Аҳмад хонд – Аҳмад хонда истодааст – Аҳмад мехонад. Интихоб ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор