Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мекунанд: пайвандакҳои семантикӣ ва ё худ маънодор (замоне ки, то даме ки, аз бозе ки, ҳамин ки, пеш аз он ки, баробари ин ки) ва прайвандакҳои синтаксисӣ (ки, то, чун).
Пайвандакҳои ҷуфт. Пайвандакҳои хилофие, ки дар ду қисми як ҷумла омада, якеро ба муқобили дигаре мегузоранд. Бо пайвандаки аввал (гарчи…, лекин, агарчи…, вале, ҳарчанд…, аммо, бо вуҷуди он ки… лекин) баландшавии оҳанги қисми аввали нутқ оғоз ёбад, бо пайвандаки дуюм нисбатан пасттар талаффуз шудани қисми дуюми нутқ сар мешавад: Ў ҳарчанд ки дар айёми бачагӣ аз шунидани ин афсонаҳо метарсид, вале аз вақти дар синфи панҷум хонданаш дар сар хаёли фатҳ кардани ин кўҳпораи осмонхароши пурасрорро мепарварид (Р.Ҷ.). Агар пайвандакҳои «ҳам…, лекин, ҳам…, аммо» ба ҳамин вазифа оянд, ба пайвандаки дуюм нисбат ба якум баландшавии овоз сар мешавад: Аслан одами нармдил ва хушфеъл бошад ҳам, лекин ба андак гап ҷаҳлаш меомад
(С.У.).
Пайдарҳам тобеъшавӣ. Тобеъшавие, ки дар он воҳидҳои синтаксисӣ (таркиб, ибора, ҷумла) ба якдигар занҷиршакл тобеъ шуда меоянд: як воҳиди синтаксисӣ ба дуюмӣ, дуюмӣ ба сеюмӣ ва амсоли ин вобастагӣ пайдо мекунанд: Абдулло хабари хуше овард. Дар ин ҷумла калимаи овард ба калимаи Абдулло, калимаи хабар ба калимаи овард, калимаи хуше ба калимаи хабар вобастагии синтаксисӣ доранд.
Палатализатсия (аз лот. palatum – ном. Ниг.: комишавӣ).
Палеография (аз юн. Palios – қадимӣ ва grápho – менависам) – соҳаи таърихию филологие, ки фароҳам овардани хат ва инкишофи он; палеографияи назариявӣ қонуниятҳои тағйиротҳои таърихан ташаккулёбии хусусиятҳои хатро муқаррар менамояд, ба тариқи амалию тасвирӣ махусиятҳои фардии хаттотон (хушнависон) ва дастнависҳои ҷудогонаро бо мақсади таъмини замону макони ин чун дастнависҳо тадқиқ менамояд. Палеография аломатҳои хат, аз ҷумла ҳарфҳо ва унсурҳои онҳо, инчунин, аломатҳои болоисатрӣ ва фосилро тадқиқ мекунад. палеографҳо ба ғайр аз муқаррар намудани замону макони

пешина
аз 389
навбатӣ