Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ту; пайвандакҳои хилофӣ: аммо, вале, лекин; пайвандакҳои ҷудоӣ: ё, ё ин ки, ё ки. Ҳам пайвандакҳои пайвасткунанда ва ҳам пайвандакҳои тобеъкунанда дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ воситаи муҳимтарини алоқаи ҷузъҳо ба шумор мераванд. Чунончи ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаҳои пайвасти хилофӣ бо ёрии пайвандакҳои аммо, вале, лекин, валекин, балки, вагарна, ҳол он ки алоқаманд мешаванд. Дар ифодаи муносибати хилофӣ ва муқобилгузорӣ пайвандакҳои аммо, лекин, вале бо ҳамдигар ҳаммаъно буда, чун муродиф ҳамдигарро иваз карда метавонанд ва танҳо услубан фарқ мекунанд. Ҷузъи таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудоӣ бо пайвандакҳои ё, ё ки, ва ё, ё ин ки, ё… ё бо ҳам тобеъ мешаванд. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрав бо сарҷумла бо пайвандакҳои гуногун пайваст мешаванд. Масалан, ҷумлаи пайрави миқдору дараҷа бештар бо пайвандакҳои чи қадаре ки, ҳар чи қадар(е) ки, ба андозае ки, то дараҷае ки, то андозае ки, ба қадре ки ба сарҷумла тобеъ мешавад. Ҷумлаи пайрави монандиро пайвандакҳои мисли ин (он) ки, монанди ин ки, ба тавре ки, чунон ки, ба тарзе ки, чи навъе ки, чи тарзе ки ба сарҷумла алоқаманд мекунанд. Пайвандакҳои маъмули ҷумлаи пайрави тарзи амал: дар ҳолате ки, ба тавре ки, ба тарзе ки, дар ҳолате ки, бе он ки, бе ин ки мебошад. Пайвандакҳои тобеъкунандаи амсоли ки, чун, то, то ки, то он ки, вақте ки, замоне ки, то даме ки, аз бозе ки, ҳамин ки, пеш аз он ки, баробари ин ки яке аз воситаҳои асосии алоқаи ҷумлаи пайрави замон мебошад. Ҷумлаи пайрави макон ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои ки, ҷое ки, дар ҷое ки, ба (то) ҷое ки, аз ҷое ки, дар куҷое ки алоқаманд мешавад. Ҷумлаи пайрави шарт ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои ки, агар (гар, ар), агар ки, ба шарте ки, дар сурате ки, то, вақте ки, модоме ки, чун тобеъ мегардад. Ҷумлаи пайраве, ки мазмуни он хилофи мазмуни сарҷумларо ифода мекунад ва бо сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунандаи хилофии бо вуҷуди он ки, ҳарчанд, ҳарчанд ки, агарчи, бо вуҷуди он ки, ҳарчанд, ҳарчанд ки, агарчи, гарчи, ба ҷои он ки тобеъ шуда меояд.
Пайвандакҳои тобеъкунандаро дар навбати худ ба ду гурўҳ ҷудо

пешина
аз 389
навбатӣ