Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

П
Пайвандакҳо. Пайвандакҳо робитаи байни унсурҳои фикру андешаро «ифода» намуда, ягон объекти ғайризабониро ифода намекунанд. Пайвандакҳо маъмулан дар ибораву ҷумла чун воситаи ёвари грамматикӣ истифода мешаванд ва ҷузъҳои таркибии ибораву ҷумлаҳоро бо ҳам дар таркиби як воҳиди синтаксисӣ муттаҳид мекунанд.
Пайвандакҳо дар забон дар қиёси калимаҳои дигар чандон зиёд набошанд ҳам, дар алоқаи грамматикии калимаю ибораҳои таркиби ҷумлаҳо вазифаҳои басо муҳимро адо мекунанд. Дар баробари ин гурўҳи дигари пайвандакҳо шакли таркибӣ доранд: то ки, то он ки, вақте ки, замоне ки, то даме ки, аз бозе ки, ҳамин ки, пеш аз он ки, баробари ин ки, дар ҳолате ки, ба тавре ки, ба тарзе ки, дар ҳолате ки, бе он ки, бе ин ки. Дар забоншиносии пешин истилоҳи «атф» пайвандакҳоро ифода мекард ва он хамроҳи пешоянду пасояндҳо, ҳиссачаву нидо, бандакҳо ва пешвандҳо ҷузъи адот дониста мешуд. Пайвандакҳои забони тоҷикӣ аз нигоҳи сохт ва таркиби морфологӣ сода, мураккаб ва таркибӣ мешаванд. Аз нигоҳи сохтор пайвандакҳои содда ба калимаҳои якҳиҷоӣ мансуб мешаванд: ва, ҳам, ки, чун, то, баъзе аз онҳо дуҳиҷоӣ низ мешаванд: аммо, вале, лекин, агар. Пайвандакҳои мураккаб он қадар зиёд нестанд ва дар баробари сохти мураккаб доштан ба ҷузъҳо ҷудо намешаванд: азбаски, ҳарчанд, агарчанд, гарчи. Пайвандакҳои таркибӣ аз ду ва ё зиёда калимаҳо иборат буда як маънои томи грамматикиро ифода мекунанд ва аз нигоҳи таркиб онҳо хеле гуногун мебошанд: вақте ки, ҳарчанд ки, ҳангоме ки, чи қадаре ки, ҳар чи қадар ки, ба андозае ки, то дараҷае ки. Пайвандакҳо ба ду гурўҳи калон ҷудо мешаванд: пайвандакҳои пайвасткунанда; пайвандакҳои тобеъкунанда. Пайвандакҳои пайвасткунанда дар ибораҳо, ҷумлаҳои сода ва ҷумлаҳои мураккаби пайваст истифода мешаванд.
Пайвандакҳои тобеъкунанда бошанд дар ҷумлаҳои мураккаби типи тобеъ истифода мешаванд. Аз рўи иштирок дар таркиби ҷумлаҳо онҳоро боз дар баробари ин ба зергурўҳҳо ҷудо мекунанд. Пайвандакҳои пайвасткунандаро ба пайвандакҳои паиҳам: ман ва ту – ман ҳам ту – ману

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор