Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Самарқанду Бухоро – ду маркази тамаддуни тоҷикон шакл гирифта, интишор ёфтааст. Дар натиҷаи дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳаёти моддию маънавии халқи тоҷик пас Инқилоби Октябр ва махсусан табдили марказҳои адабию маданӣ ва ба забони мардум то андозае наздик шудани забони адабӣ дар меъёри талаффуз баъзе тағйирот ба вуҷуд омаданд.
Масалан, дар системаи вокализм меъёри орфоэпии забони муосири тоҷикӣ ба ҷои 8 фонемаи садоноки пешина имрўз 6 фонемаро пешниҳод менамояд: а, и, о, у, э, ў. Инкишофи нутқи шифоҳӣ дар театр, синамо, театр, радиотелевизион, макотиби миёнаю олӣ, муассисаҳои илмию фарҳангӣ ин ҷараёнро метезонд. Тамоюли асосӣ ба навишт наздик шудани талаффуз мебошад. Агар фонетика ба талаффуз такя намуда системаи овозии забонро тавсиф ва қонуниятҳои онро ошкор созад, орфоэпия натиҷаи тадқиқоти фонетикиро истифода карда, қоидаҳои талаффузи адабиро баён ва меъёрҳои талаффузро пешниҳод мекунад.
мавзўи омўзиши орфоэпияро талаффузи дурусти фонемаҳои забон (садонокҳо ва ҳамсадоҳо) дар ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ, ҳамнишиниҳои онҳо, меъёрҳои талаффузи воҳидҳои забарзанҷирӣ (зада, оҳанг) ташкил медиҳанд. Маъмулан талаффузи дуруст тарзи талаффузи лаҳҷае дониста мешавад, ки асоси забони адабӣ қарор ёфтааст. Асосу бунёди меъёрҳои талаффузи адабию тоҷикӣ ҳанўз дар асрҳои IX-X дар заминаи лаҳҷаи зиёиёни Самарқанд ва Бухоро – ду маркази тамаддуни тоҷикон шакл гирифта, ба воситаи онҳо дар миёни табақаи саводноки аҳолии маҳалҳои дигар паҳн шудаанд. Орфоэпия моил ба тағйирот аст.
Тамоюли асосӣ ба навишт наздик шудани талаффуз мебошад.

пешина
аз 389
навбатӣ