Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

супорид. Аммо Шоҳин? (Шоҳин? ё Шоҳин-чӣ?). Пурсиши хилофӣ ба воситаи муқобилгузории ду ё зиёда предмет амалу ҳолати бо ҳам зид ташкил мешавад ва аз ду ҷавоби мухолифи якдигар якеро талаб мекунад:
Шумо гармиро дўст медоред ё сардиро? (С.У.). Садум ё саду якум? (Ю.А).
Пурсиши такрорӣ ба воситаи такрори пурсиш ё бо ёрии калимаи саволӣ ё бидуни он метавонад сохта шавад: Шумо чандсолаед? Ман чандсолаам? – Чилсола. Ин асари кист? – Асари Аҳмади Дониш. Пурсишҳои такрорие, ки бе калимаи саволӣ сохта мешаванд, низ бо ҳамин хел оҳанг талаффуз мешаванд: Доруро ёфтед? – Доруро ёфтам? – Не, наёфтам. Операи нав маъқул шуд? – Операи нав маъқул шуд? – Ҳа, операи хуб!
Орфоэпия (юн. orphoépeia аз orthos – дуруст ва epos – нутқ, сухан), маҷмўи қоидаҳои талаффузи адабии ин ё он забони миллӣ, ки ягонагии сохти овозии онро таъмин мекунад. Қоидаҳои талаффузи забони адабӣ якҷоя бо меъёрҳои луғавӣ, дастурӣ, фонетикӣ, услубӣ, имлоӣ ва ғ.
мубодилаи афкорро байни намояндагони шеваҳои гуногун осонтар мекунад. Қоидаҳои талаффузи адабӣ дар заминаи маводи фонетикӣ муқаррар мешаванд. Агар фонетика ба талаффуз такя намуда, низоми овозии забонро тавсиф ва қонуниятҳои онро ошкор созад, орфоэпия натиҷаи тадқиқоти фонетикиро истифода карда, қоидаҳои талаффузи забони адабиро баён ва меъёрҳои талаффузро пешниҳод мекунад. Мавзўи баҳси орфоэпия талаффузи дурусти фонемаҳо – овозҳои нутқ (садонок ва ҳамсадоҳо) дар ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ, ҳамнишинии онҳо дар ҳолатҳои гуногуни фонетикӣ, калимаҳо ва шаклҳои гуногуни дастурии онҳо, меъёрҳои талаффузи воҳидҳои забарзанҷирӣ (зада, оҳанг) ташкил медиҳанд. Орфоэпия категорияи таърихист. Вай ҳамзамон бо ташаккул ёфтани забони адабӣ ба миён меояд, вале меъёрҳои он алоқамандона бо пайдоиши шаклҳои гуногуни нутқи шифоҳӣ шакл гирифта, тадриҷан суфта мешавад. Мафҳуми талаффузи дуруст шартист. Маъмулан талаффузи дуруст тарзи талаффузи лаҳҷае дониста мешавад, ки асоси забони адабӣ қарор ёфтааст. Бунёду асоси меъёрҳои талаффузи адабии тоҷикӣ дар асрҳои 9–10 дар заминаи лаҳҷаи (тарзи гуфтори) зиёиёни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор