Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

дошта метавонанд; 3) дар байни аъзоҳои чида (синтагмаҳо) ҳамеша танфис мавҷуд аст ва тамдиди он ба ифоданокии гуфтор вобаста аст.
Оҳанги пурсиш - гуфтори пурсиш дар забони тоҷикӣ қолаби махсуси синтаксисӣ надорад ва оҳанги пурсиши тоҷикӣ дорои тарҳи ягонаи доимӣ нест. Тарҳи умумии оҳанги пурсишро навъ ва мақсади пурсиш, иштироки воситаҳои луғавию дастурӣ дар созмони пурсиш, дараҷаи заданокӣ муайян менамояд. Воситаи асосии созмони пурсиш оҳанг мебошад.
Пурсиш аз ҷиҳати қолабу сохти синтаксисӣ навъҳои гуногун дорад:
Пурсиши умумӣ бидуни иштироки воситаҳои луғавӣ ташкил мешавад ва ҷавоби тасдиқӣ («ҳа») ё инкорӣ («не»)-ро талаб мекунад. Ин навъи пурсиш ду хел аст: а) бо тартиби маъмулии калимаҳо: Падару модар дорӣ, – пурсид Олег Иванович (Ю.А.); Давлат Сафоев туӣ? (Ф.Н.); б) бо тартиби чаппаи калимаҳо: Сар кунем маҷлисро? Бас кунам хонданро? Дар пурсишҳои умумӣ оҳанги болорави соф дар мавридҳое ба амал меояд, ки ба пурсиш тобиши маънои иловагии ҳавасмандӣ илова шавад: Сардор омад? (пурсиши холис). Пурсиши хусусӣ бо иштироки воситаҳои ёрирасони грамматикӣ (бештар бо ёрии ҷонишинҳои саволӣ ва зарфҳои ҷонишинӣ ташкил шуда, ҷавоби муфассалро талаб мекунанд). Дар ташкилу ифодаи пурсишҳои хусусӣ ҷонишинҳои саволиро зарфҳои ҷонишинии: чӣ, куҷо, аз (ба) куҷо, кай, то кай, боз, барои кӣ, барои чӣ, чанд, чӣ қадар, чӣ хел, кадом истифода мешаванд. Ин калимаҳо дар созмони фразаи пурсишӣ ҷойи муайян надоранд. Вобаста ба ҷои калимаҳои пурсишӣ се нави тарҳи оҳанги пурсиши хусусӣ ба вуҷуд меояд:
Агар калимаи саволӣ дар аввал ояд, фраза бо оҳанги пастшав талаффуз мешавад: – Чӣ гуфтӣ? Ҳоло ту маро саг гуфтӣ?! – таҳдидомез шўрид доруға (С.У.). Агар калимаи саволӣ дар мобайн ояд, фраза бо оҳанги болорави пастшав талаффуз мешавад: Ту аз кай дар Тоҷикистон кор мекунӣ? Дар ташкили гуфторҳои саволӣ ду ё зиёда калимаҳои пурсишӣ низ истифода мешаванд: Ў аз кӣ чӣ харидааст ва ба кӣ чӣ фурўхтааст (С.А.). Пурсиши муқоисавӣ ба воситаи муқоисаи ин ё он предмет,амалу аломат ва ҳолати номаълум сохта мешавад: Парвиз ҳамаи имтиҳонҳоро бомуваффақият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор