Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

асосӣ дорад: яктаркиба ва дутаркиба, ки ҳар кадоми онҳо дорои шаклҳои тасдиқӣ ва инкорӣ мебошанд. Дар фразаи яктаркибаи ахборӣ факти ҳаёти моддӣ тасдиқ ё инкор карда мешавад. Фразаи яктаркибаи ахборӣ ин ё он ҳодисаи ҳаётро зикр мекунад. Ин навъи фразаҳо навои нисбатан ҳамвор ва тарҳи яклухти оҳангӣ доранд (болоравӣ, пастшавӣ).
Оҳанги муроҷиат (мухотаб) – калима ва ибораҳое, ки адресати (ба кӣ равона карда шудани) нутқро ифода мекунанд, аз сохти оҳангии қисмҳои дигари ҷумла фарқ мекунад. вай бештар ба оҳанги калима ва ибораҳои иловагии ҷумла шабоҳат дорад. Агар мухотаб бо калимаҳои ифодакунандаи муносибатҳои хешутаборӣ, дўстона ҳамроҳ ояд, ин калимаҳо ба синтагмаҳои гуногун ҷудо намешаванд, балки дар якҷоягӣ бо калимаҳои асосӣ як синтагмаро ташкил медиҳанд: Додарам Салимҷон, шумо аз ин кор хабар надоред? Акои Мирзо, ба шумо чӣ шуд? Агар мухотаб чида шавад, оҳанги он аз аъзои якум тадриҷан боло меравад ва дар ҳиҷои заданоки аъзои охир ба авҷ мерасад: Азизам, ҷонакам, ширинакам, ту гуноҳҳои маро бубахш!
Оҳанги номбарӣ (номбаркунӣ) - ҳангоми бо тартиб номбар кардани предметҳо, ҳодисаҳо, воқеаҳо ва ғ. истифода мешавад. Масалан, ҳангоми ҳисоб бо тартиб номбар кардани ададҳо (як, ду, се, чор…) ё ҷавобан ба саволе (мас., ҷавобан ба пурсиши: Дар рўи миз чист?) номбар кардани предметҳо (ашёи рўйи миз: коғаз, қалам, китоб…) мо оҳанги номбариро мушоҳида мекунем. Дар синтаксис дар зери мафҳуми номбарӣ (чидашавӣ) такроран омадани аъзоҳои ҷумла (мубтадо, хабар, ҳол ва ғ.) фаҳмида мешавад. Аъзоҳои чидаи ҷумларо оҳанг ва пайвандакҳои пайвасткунанда муттаҳид мекунанд. Мо бо оҳанги номбарӣ дар мавридҳое сарукор дорем, ки предмету аломатҳои онҳо дорои алоқаи пайваст буда, ба тартиб ва паи ҳам номбар мешаванд: Дўсти ман одами хуб, доно, ростқавл, некандеш ва фурўтан аст. Хусусияти ҳамаи ин воҳидҳои номбаркунӣ ин аст, ки: 1) аъзоҳои силсилаи номбаркунӣ дар як синтагма талаффуз мешаванд; 2) синтагмаҳо вобаста ба ҷояшон дар тарҳи оҳанг ҳавои нотамом ё том

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор