Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

воситаи оҳанг ифода шудани эҳсосоти рўҳии гўянда (қаҳр, ғазаб, хурсандӣ) омўхта мешавад.
Оҳанги ангезиш. Оҳанги ангезиш ё амр барои фразаҳое хос мебошад, ки гўянда ба воситаи онҳо шунавандаро тавассути навъҳои гуногуни амр (амр, фармон, илтимос, хоҳиш, маслиҳат, огоҳӣ ва ғ.) ба иҷрои коре бармеангезонад, водор мекунад. Дар забони тоҷикӣ оҳанги ангезиш дар се навъи асосии ҷумлаҳо равшантар зоҳир мешавад: 1.
Ҷумлаҳои амрие, ки хабари онҳо бо шакли сиғаи амрии феъл ифода меёбад: Бандед ўро! Китобро хонед! 2. Ҷумлаи амрие, ки дар онҳо барои ифодаи амр ҳиссачаҳо, феълҳои ифодагари маъноҳои иродавӣ ба кор бурда мешаванд: канӣ, тезтар сар кунед! Бигузор, ў аз ин ҷо равад! 3.
Ҷумлаҳои нопурраи амрие, ки дар онҳо хабар истифода намешавад, вале дар назар дошта мешавад: Тезтар! Хомўш! Бас! Ҷумлаҳои амрӣ ба туфайли семантикаи хосашон дар нутқ моили талаффузи ифоданоку эҳсосӣ мебошанд: Тез дасташро бандед! – фармон дод сардор.
Оҳанги ахбор - навъҳои гуногуни хабар: хабари соф, нақл, шикоят, гузориш ва ғайраро дарбар мегирад. Оҳанги ахбор вобаста ба овози паст ё баланди гўянда метавонад аз сатҳи дуюм ё сеюм оғоз ёбад ва дар тўли талаффузи фраза (ҷумла) ба тағйироти бешу кам дучор гардад, аммо вай ҳамеша майли пастшавӣ дорад. Гуфтори ахборӣ ду навъи асосӣ дорад:
яктаркиба ва дутаркиба, ки ҳар кадоми онҳо дорои шаклҳои тасдиқию инкорианд. Фразаи яктаркибаи ахборӣ ин ё он падидаи ҳаётро зикр мекунад ва бештар ҳангоми тавсифи ин ё он воқеа, эълонҳо, дар хондан истифода мешавад. Тарҳи умумии оҳанги фразаи дутаркиба болорави пастшав аст. Фразаи дутаркибаи ахбории тоҷикӣ аз ду қисми оҳангӣ иборат аст: болорав ва пастшав қисматҳои болораву пастшави фразаи ахбории дутаркиба метавонанд як ё якчанд синтагмаро дар бар гиранд, вале онҳо тобеи як тарҳи умумии оҳанг мебошанд. Оҳанги ахбор вобаста ба овози гўянда (овози паст ё баланд) метавонад аз сатҳи дуюм ё сеюм сар шавад ва дар тўли талаффузи фраза (ҷумла) ба тағйироти бешу кам дучор гардад, вале вай ҳамеша майли пастшавӣ дорад. Гуфтори ахборӣ ду навъи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор