Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

экстралингвистӣ тартиб дода шудааст. 2. Феҳристи исмҳои хоси этноси муайян, гурўҳ ва замону макони алоҳида мебошад.
Ономизатсия – гузариши аппелятив ва ё ибораи аппелятив тавассути тағйири вазифа ба исми хос ва инкишофи он дар гурўҳи онимҳо. Масалан, садбарг (гул) – Садбарг (номи зан), ҳисор (қалъа) – Ҳисор (ноҳия).
Ономизатсия ду навъ мешавад: ономизатсияи грамматикӣ ва ономизатсияи семантикӣ. Ономизатсияи грамматикӣ – ҷараёне, ки тавассути морфемаҳои ёвар (вандҳо, морфемаҳои решагӣ (мураккабшавӣ), роҳи синтаксисӣ (ташаккули ном – ибораҳо, ном – фразаҳо) сурат мегирад.
Оронимика – яке аз бахшҳои топонимика буда, оронимҳоро меомўзад ва бештар ба муайян кардани қонуниятҳои ташаккул, инкишоф ва вазифаю амалкарди онҳо нигаронида шудааст. Ин истилоҳи топонимӣ юнонӣ буда, аз ҷузъҳои oros – кўҳ ва onim – ном таркиб ёфта, мавзеи дар сатҳи замин қарордошта, амсоли кўҳ, тепа, дашт, саҳро, ағба, дара, жарф ва монанди инҳоро меомўзад.
Оҳанг - тағйири (баланду пастшавии) наво, қувва, тамдид ва танини овозҳо ҳангоми талаффузи гуфтор оҳанг номида мешавад. Оҳанг аз ҷумлаи воҳидҳои забарзанҷираи фонетика аст. Оҳанг хусусияти пайдарпаӣ надорад ва гўё ба болои воҳидҳои тайёр – ҷумлаҳо «илова»
шуда, онҳоро аз ҷиҳати фонетикаю мухобиротӣ муташаккил месозад.
Чунин «иловашавӣ» ҳатмист, зеро мавҷудияти ҷумла ҳамчун воҳиди томи мухобира ба оҳанг вобаста аст. Оҳанг дар ҳар ду шакли мавҷудияти гуфтор (шифоҳӣ ва хаттӣ) зоҳир мешавад. Дар нутқи шифоҳӣ ба туфайли шакли овозиаш оҳанг равшантар зоҳир мешавад. Дар нутқи хаттӣ оҳанг ба воситаи аломатҳои китобат (нуқта, вергул, аломатҳои пурсиш, амр, ахбор ва ғ.) ифода меёбад. Оҳанг ҳамчун ҳодисаи овозии забон ду ҷиҳати омўзиш дорад: а) ҷиҳати мухобиротӣ (коммуникативӣ) ва б) ҷиҳати эҳсосӣ. Агар дар ҷиҳати мухобиротӣ саҳм ва имкониятҳои оҳанг дар ифодаи маъноҳои гуногуни мухобира (хабар, пурсиш, амр) ва воситаҳои фонетики ташкили онҳо таҳқиқ шавад, дар ҷиҳати эҳсосӣ имконияти ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор