Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

исмҳои хос машғул аст. Аз рўи ҷанбаи ифодаи мавзеъҳо онома (ном) ба антропонимҳо (юн. antro – «одам») – номи одамҳо, топонимҳо (юн. topos
– ҷой, мавзеъ, макон) – номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ, зоонимҳо (юн. zoo – ҳайвон) – ном (лақаб)-и ҳайвонот, астронимҳо (лот. astro «ситора») – номи ҷирмҳои осмонӣ, астротопонимҳо – номи мавзеъҳои худоҳо, олиҳаҳо ва фариштаҳои гуногун, этнонимҳо (юн. etnos – ҷамъият) – қабила, халқият, халқ, анвои гуногуни тахаллус ва лақаби аҳолии ин ё он ҳудуди ҷуғрофӣ ҷудо мешаванд. Ономастика маҳсули тафаккури давраҳои гуногуни инкишофи ҷамъият, боигарии маънавӣ, ганҷинаи боэътимоди таъриху маданият ва як ҳиссаи муҳими фонди луғавии забон буда, барои тадқиқи масъалаҳои этимология (решашиносӣ), фонетика, калимасозӣ, шевашиносии таърихию муосир ёрӣ мерасонад. Ономастика ҷиҳатҳои фонетикӣ, морфологӣ, калимасозӣ, семантикӣ (маъноӣ) ва этимологии исмҳои хосро таҳқиқ мекунад. Ономастика бо ин мақсад аз методҳои гуногуни забоншиносӣ: муқоисавию таърихӣ, сохторӣ, генетикӣ, ареалӣ, методи харитакашӣ истифода мебарад. Ономастика бо илмҳои таърих, этнография (мардумшиносӣ), археология, насабшиносӣ, илми нуҷум, матншиносӣ алоқаю робита дорад. Ономастикаи амалӣ бо масоили овознависӣ ва ҳарфнависии номҳои хориҷӣ машғул мешавад. Бо вуҷуди он ки исмҳои хос аз давраҳои хеле қадим таваҷҷўҳи донишмандонро дар Ғарбу Шарқ ҷалб карда бошад ҳам, вай мақоми илмиро танҳо дар солҳои 30-юми асри ХХ дар конгресси якуми номшиносон (с. 1930) дарёфт намуд.
Баъзе паҳлуҳои ономастикаи тоҷик, аз ҷумла, масъалаҳои топонимия аз ҷониби Р.Х. Додихудоев, С.И. Климчитский, Л.И. Розова, А.В.
Розенфельд, О.М. Смирнова, А.Л. Хромов, антропонимия аз тарафи Я.Н.
Калонтаров, О.Ғ. Ғафуров, Р.О. Ортиқов мавриди омўзиш қарор гирифтаанд.
Ономастикон. – 1. Луғат ва ё феҳрасту номгўйи ҳар гуна исмҳои хос, ки маъмулан ба таври алоҳида барои категорияҳои гуногуни онимҳо (аз ҷумла антропонимкон, топонимикон) ба шарҳу тавзеҳоти лингвистӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор