Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муштаракталаффузи пул «купрук», пул «нақдина»; расм «сурат», расм «одат» ба гурўҳи омонимҳои пурра дохил мешаванд:
Гарчи пулдорист дар олам маноти эътибор, Ғам махўр аз бепулӣ, Бепул, ки дарё бепул аст (А.С.).
Омонимҳои нопурра ҳатман ба гурўҳҳои гуногуни луғавию дастурӣ дохил шуда, системаи парадигмавии гуногун доранд. Масалан, калимаи без ба маънои «ғадуд», ки исм аст, бо шакли фармоишии феъли бехтан – без омоним мешавад. Омонимияи шаклҳои гуногуни калимаҳо (омофермаҳо) ва омографҳо мебошанд. Омонимҳо баръакси ҳодисаи полисемия (сермаъноӣ), ки ба системаи маъноии вожаҳои забон алоқаманд аст, ба сохтори фонетикии онҳо вобастагӣ дорад. Шарти асосии калимаҳои бо ҳам омоним набудани робитаҳои мантиқию шайъии маъноҳои онҳост.
Омофонҳо. Ба ҳам монанд шудан ва ё наздик шудани талаффузи овозҳои ҷудогонаи калимаҳо дар мавқеъҳои муайяни фонетикӣ омофонҳоро ба вуҷуд меоваранд: қарз ба маънои «насия, ба орият гирифтан» ва қарс «рўймол, сарандоз»; зод «шакли мухаффафи замони гузашта аз феъли «зоидан» ва зот «ҷинс», нуфуз «афзоиш» ва нуфус «аҳолӣ». Яъне омофонҳо калимаҳои талаффузашон якхела, вале навишташон гуногун аст: тўп-тўб.
Омоформаҳо. Ба ҳам монандшавии қиёфаи овозии шаклҳои грамматикии калимаҳои ҳиссаҳои гуногуни нутқ ва ё калимаҳои мансуби як ҳиссаи нутқ омоформаанд: сарой ба маънои «қаср, кох», сарой асоси замони ҳозираи феъли «сурудан», зан «ҷинси муқобили мард», зан асоси замони ҳозираи феъли «задан».
Оним (онома, исми хос) – калима, ибора ё ҷумлае, ки объекти номгузоришударо аз дигар объектҳо барои ҷудо намудан хизмат мекунад (антропоним, топоним, зооним, астроним, космоним, теоним, хрематоним).
Ономастика (юн. onomastikos – номгузорӣ ё номшиносӣ) – бахши забоншиносиро гўянд, ки ба омўзишу таҳқиқи ҳамаи анвоъ ва шаклҳои

пешина
аз 389
навбатӣ