Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

фонетикии воҳидҳои забон ва воҳидҳои иқтибосӣ низ ба вуҷуд меоянд.
Морфемаи сермаъно дар доираи як ҳиссаи нутқ маҳдуд мешавад, омоморфемаҳо бошад, калимаҳои аз ҷиҳати маъно наздик намесозад, инчунин дар доираи ду ва ё зиёда ҳиссаҳои нутқ мушоҳида мешавад, яъне ҳамон як морфема дар калимасозии ҳиссаҳои гуногуни нутқ иштирок менамояд.
Омонимияи воҳидҳои фразеологӣ. Ду ва ё зиёда воҳидҳои фразеологии аз ҷиҳати шакл ва талаффуз ба ҳам монанд, вале аз бобати маъно гуногун. Омонимҳои фразеологӣ ба гурўҳи ифодаҳои рехтаи мустақили захираи фразеологии забон дохил шуда, аз ҷиҳати маъно ба якдигар умумият надоранд. Масалан, ибораҳои «шамол хўрдан» – зуком шудан ва «шамол хўрдан» – сайру гашт кардан; «ба қиём омадан» – рост, боло шудан (-и офтоб) ва «ба қиём омадан» – исён бардоштан; «занг задан» – зангор бастан (-и филизот) ва «занг задан» – зангўла задан.
Омонимҳои фразеологӣ дар заминаи воҳидҳои фразеологии полисемӣ ҳам ба вуҷуд омада метавонанд. Чунончи, ибораи сермаънои «сар задан» бо маъниҳои: 1) ибтидо ёфтан (мунозира сар зад), 2) баромадан, баланд шудан (офтоб сар зад) ва 3) ба вуҷуд омадан (ин кор аз ғофилӣ сар зад) маъруф аст.
Омонимҳо (калимаҳои ҳамовоз) (аз юн. homos – якхела ва onyma – ном) калимаҳое, ки бо сохти овозии худ бо ҳам баробаранд ё қаробат доранд. Масалан, калимаи доира ба маънои «ҳар чизи мудаввар» ва доира «навъе аз асбобҳои мусиқӣ»; осиё «дастгоҳи ордкунии ғаллаҷот» ва Осиё «яке аз қитъаҳои олам». Вобаста ба он ки ин ё он силсилаи маъноӣ бо як шакли (қолаби) овозӣ ифода мешавад, ё ин ки маъноҳои ҷудогонаи он ҳар яке қиёфаи овозии хос доранд, дар хусуси калимаҳои сермаъно ва ё ин ки омонимӣ муҳокима рондан мумкин аст. Омонимҳоро аз ҷиҳати ифода ба пурраю нопурра ҷудо мекунанд. Омонимҳои пурра шаклҳои асосии калимаҳое мебошанд, ки ба як гурўҳи луғавию дастурӣ мансуб буда, бо системаи парадигмавии маъноӣ, морфологӣ, синтаксисӣ ва ҳамнишинии луғавиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, ҷуфтҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор