Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

маънои «олам, зиндагӣ, маишат». Усули дигари омезиши калимаҳои тоҷикӣ ихтилоти ду ва зиёда калимаҳои мустаъмал ва тавлиди калимаи сеюм аст. Чунончи, калимаҳои бозургон, тамоил, фасона бо ҳамин усул ба вуҷуд омадаанд. Калимаи бозургон, ки маънои «савдогар, тоҷир»-ро касб кардааст, аз омезиши бозаргон ва шакли ҷамъи калимаи бузург, яъне бузургон ба вуҷуд омадааст.
Омографҳо – калимаҳое, ки аз ҷиҳати навишту имло ба ҳамдигар монанд буда, бо ягон унсури талаффузашон аз ҳам фарқ мекунанд: гарон ба маънои «қимматбаҳо» ва гарон «агар он» («гар он»), атлас «шоҳӣ» ва атлас «маҷмўи харитаҳои ҷуғрофӣ». Бештарини омографҳо бо мавқеи задаи луғавии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд: сурýд «тарона» – сýруд «шакли замони гузаштаи феъли сурудан», киштӣ «сафина» ва киштӣ «қадаҳе, ки ба сурати киштӣ бошад». Калимаҳои гуногунталаффузи гарон ба маънои «қимматбаҳо» ва гарон «агар он», атлас «шоҳӣ» ва атлас «маҷмўи харитаҳои ҷуғрофӣ», чаро «поидани чорпоён» ва чаро «барои чӣ».
Омоморфемаҳо – пасвандҳои шаклан якхелаю аз ҷиҳати маъно фарқкунандаро омоморфема, вале пасвандҳои шаклан гуногуну аз ҷиҳати маъно якхеларо синоморфема меноманд. Вандҳо (аффиксҳо) бар хилофи асосҳо дар алоҳидагӣ ҳеҷ чизро ифода намекунанд. Маънои онҳо маҳз ҳангоми бо исмҳо ҳамроҳ омаданашон зоҳир мешавад. Морфемае,ки бо маънои дар таркиби калима доштааш мустақилона истифода мешавад, аффикс (ванд) ба шумор намеравад. Чунончи, дар таркиби калимаҳои субҳгоҳ, гузаргоҳ, унсури -гоҳ мушоҳида мешавад, ки яке ба маънои замон (субҳгоҳ) ва дигаре ба маънии макон (гузаргоҳ) истифода шудааст.
Азбаски якумӣ берун аз таркиб алоҳида низ истифода мешавад ва дар забон вазифаҳои гуногунро адо мекунад, вай пасванди калимасоз башумор намеравад. Аммо дуюмӣ танҳо дар таркиби калима мушоҳида мешавад. Аз ин рў, вай пасванди калимасоз аст ва маънои макониаш маҳз дар таркиби калима ошкор мегардад. Омоморфемаҳо ва омографҳо дар натиҷаи тасодуфан мувофиқ омадани таркиби овозӣ, тағйироти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор