Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

гурўҳи забонҳо лотинии қадим аст, ки ҳоло матрук аст. 8. Забони юнонӣ ба ягон гурўҳи дигари забонҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ шомил нест ва он забони матрук буда, дар баробари гурўҳҳои забонӣ мустақилона мавҷудият дошт. Хусусиятҳои сарфиву наҳвии забони юнонӣ тавассути осори хаттии то ба замони мо омада расида таҳқиқу баррасӣ шудааст. 9.
Забони албанӣ низ чун забонҳои арманӣ ва юнонӣ ба ягон гурўҳи муайяни оилаи забонҳои ҳиндуурупоӣ шомил нест. Забони албанӣ хусусиятҳои ду забони матруки даврони гузашта - иллерӣ ва фракиро таҷассум мекунад.
10. Гурўҳи забонҳои германӣ ба се шоха - шарқӣ, ғарбӣ ва шимолӣ ҷудо мешавад. Ба шохаи шарқӣ забони хат шомил аст, ки он матрук аст. Ба шохаи шимолии ин гурўҳи забонҳо забони даниягӣ скандинавӣ ва гўишҳои он шомил мешаванд. Забонҳои англисӣ, нидерландӣ, немисӣ шохаи забонҳои ғарбиро ташкил медиҳанд. 11. Дар даврони пешин гурўҳи бештар дар Урупо густурдаи забонҳои ҳиндуурупоӣ гурўҳи забонҳоии келтӣ будааст. Ҳоло аз ин гурўҳи забонҳо дар сарзамини Британиёи Кабир забонҳои гелӣ ва валӣ дар истеъмоланд. Як забони дигар дар территорияи Франсия паҳн шудааст, ки он гурўҳи забони британӣ аст.
Забони ирландӣ низ ба ҳамин гурўҳ шомил аст. 12. Гурўҳи забонҳои тохарӣ, ки дар Туркистони Чин густариш ёфта буданд, ҳоло ин забонҳо мустаъмал нестанд ва матруканд. 13. Гурўҳи забонҳои анатолӣ дар даврони қадим дар сарзамини Осиёи Хурд густариш ёфта буданд. Ба ин гурўҳ забонҳои ликӣ ва лидӣ шомил буданд, ки имрўз ин забонҳо матруканд.
Омезиши калима. Фаромўш шудани маънои ибтидоии калима боиси маънидодҳои нав ба нави пайдоиши он мешавад. Дар мавридҳои асоси илмӣ надоштани баромаду пайдоиши калимаҳо этимологияи халқӣ ва ё маънидоди ғалати пайдоиши калима ба вуҷуд меояд. Масалан, Исфараро аз ибораи исто фаро, Помирро аз пойи мир маънидод кардан дуруст нест.
Дар маънидоди мардумии пайдоиши калима бисёр вақт образи тозае ба калима нисбат дода мешавад, ки дар асл мумкин аст, калима соҳиби он набошад. Масалан, ба рўзғор табдил дода шудани калимаи рўзгор ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор